Боздиди Раҳмон ва Мирзиёев аз парки техникии Тошканд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон и Мирзиёев посетили технопарк в Ташкенте
Рахмон и Мирзиёев посетили технопарк в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Сарони давлатҳо бо молҳое, ки дар корхона истеҳсол мешаванд, аз қабили кондитсионер, лифт, эскалатор, лавозимоти дару тиреза шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон аз технопарки Тошканд дидан карданд. Дар ин бора дафтари матбуотии президент гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, дар ин маҷмаи саноатӣ 17 лоиҳа ба маблағи 365 миллион доллар бунёд ёфта, то имрӯз 13-тои он ба кор андохта шудааст.
Технопарк ҳисобкунакҳои электронӣ барои обу газ, яхдон, кондитсионери саноатӣ ва системаҳои хунуккунӣ, лифт, эскалатор, лавозимот барои дару тиреза истеҳсол мекунад.
Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ дар ин маҷмаъ корхонаҳои истеҳсоли оиқ (изолятор), таҷҳизоти гармидиҳии об, асбобҳои ошхона ва маркази логистикӣ ба кор медароянд.
Зимни боздид ба президенти Тоҷикистон дар бораи бартариҳои маҳсулоте, ки дар технопарк истеҳсол мешавад, иттилоъ ироа шуд. Онҳо бо тамғаҳои хориҷӣ низ истеҳсол карда мешаванд ва ба ин мол дар дигар мамлакатҳо талабот зиёд аст.
 Переговоры делегаций Узбекистана и Таджикистана в расширенном формате - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Имзои 15 санад дар ҳошияи сафари Раҳмон ба Ӯзбекистон
Мирзиёев зарурати ҳамкории зич байни вазоратҳои дахлдори ду кишвар, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ ва тиҷоратро қайд кард, таъкид кард хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон.
Технопарки Тошканд соли 2019 ба истифода дода шуда, ҳоло дар ин корхона қариб 5 ҳазор нафар кор мекунанд.
Илова бар ин сарони давлатҳо бо намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ шинос шуданд. Дар он маҳсулоти 24 ширкат аз 14 шаҳру вилояти Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шуд.
Раҳмон ва Мирзиёев ба роҳбарони соҳаҳои дахлдори кишварҳо дастур доданд, ки ҳамкориҳои зич ва муассир роҳандозӣ намуда, лоиҳаҳои муштарак таҳия намоянд.
Ёдовар мешавем, ки сафари расмии Раҳмон ба ҷумҳурии ҳамсоя то 3 июн идома мекунад.
Сарвари давлатро дар ин сафар муовини аввали сарвазири кишвар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба корҳои хориҷӣ ва бисёр шахсони дигар ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0