Дуохонии Раҳмон ва Мирзиёев дар масҷиди Хева ва боздидашон аз қалъа - акс

© Пресс-служба Президента УзбекистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в сопровождении Президента Узбекистана Шавката Мирзиёева посетили исторические памятники в комплексе Ичан-кала
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в сопровождении Президента Узбекистана Шавката Мирзиёева посетили исторические памятники в комплексе Ичан-кала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хева боздид карда, дар масҷиди ҷумъахонӣ ва оромгоҳи Паҳлавон Маҳмуд дуо хонданд
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон аз мавзеи таърихии шаҳри Хева Ичан-Қалъа боздид карданд.
Бар асоси иттилои расмӣ, роҳбарони давлатҳо аз дар қалъа аз Калтаминор, қасрҳои Куня-арк ва Тошовли дидан карда, дар ҳузурашон дар масҷид ва оромгоҳи Паҳлавон Маҳмуд оятҳои Қуръон ва дуо хонда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Хева яке аз қадимтарин шаҳрҳои Ӯзбекистон буда, дар тӯли таърих барои инкишофи маданияти маънавӣ ва моддии мардум саҳми арзанда дорад.
"Хева яке аз марказҳои сайёҳии байналхалқӣ эътироф гардида, дар шаҳр зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисми қадимаи он, Ичан - қалъа то замони мо бегазанд боқӣ мондааст", - омадааст дар иттилоия.
© Пресс-служба Президента Узбекистана
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в сопровождении Президента Узбекистана Шавката Мирзиёева посетили исторические памятники в комплексе Ичан-кала - Sputnik Тоҷикистон
1/5

2/5

3/5

4/5

5/5
1/5
2/5
3/5
4/5
5/5
Ёдгориҳои нодири Хева маҳсули эҷодии кори ҳунармандони маҳаллӣ мебошад, ки анъанаҳои чандинасраи меъмории Хоразми Қадимро ба мерос мондаанд.
Зикр шудааст, ки моҳи декабри соли 1990 Ичан-Қалъа дар Осиёи Марказӣ ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф шуда, ба Рӯйхати мероси моддии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и Президент Узбекиситана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Идомаи сафари Раҳмон дар Ӯзбекистон: боздид бо Мирзиёев аз Хоразм: акс
Деворҳои Ичан-Қалъа, ки борҳо вайрон ва бозсозӣ шудааст, 2200 метр дарозӣ, 7-8 метр баландӣ ва 5-6 метр паҳноӣ дар таҳкурсӣ доранд.
Дар пайи сайру тамошо Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев ва бостоншиносон барои муаррифии шоистаи шаҳри қадимаи Хева изҳори сипос карда, ба мардуми дӯсти ӯзбек дар роҳи гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ комёбиҳо орзу намуд.
Лентаи хабарҳо
0