Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ҷароҳати ду марзбони қирғиз дар даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ду марзбони ин кишвар дар пайи ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду марзбони қирғиз ҷароҳат бардошта, вазъи яке аз онҳо вазнин аст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Қирғизистон рӯзи ҷумъа ба РИА "Новости" хабар додааст.

"Дар натиҷаи ин ҳодиса дар қитъаи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ду сарбоз ҷароҳат бардошта, гурӯҳи ёрии таъҷилӣ онҳоро ба бемористони вилояти Бодканд интиқол медиҳад", - гуфт намояндаи хадамоти матбуотии Ҳукумати Қирғизистон.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти пешакӣ, вазъи як марзбон вазнин аст. Аҳволи сарбози дувум муътадил арзёбӣ мешавад.
"Дар ҷойи ҳодиса ду бригадаи ёрии таъҷилӣ кор мекунанд. Дар беморхонаи ягонаи вилоятии Бодканд тамоми кормандон ба реҷаи пурзӯри кор гузаронида шуда, захираи зарурии хун, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ мавҷуд аст", - афзуд Вазорати тандурустии ин кишвар.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар марз вориди тирандозӣ шудаанд, ки беш аз ду соат идома кардааст.
Природа Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тирпарронӣ дар Ворух: шарҳи сокинон ва мақомот
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти марзбонии Қирғизистон тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистонро таъйид кард. Ҷониби Қирғизистон дар бораи тирпарронӣ дар минтақаи Булоқ-Бошӣ хабар дода буд, ки он дар наздикии ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҷойгир аст.
Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷониби Қирғизистон чун ҳолатҳои қаблӣ ин дафъа низ дар оғози тирпарронӣ марзбонҳои тоҷикро муттаҳам кард. Расман мақомоти марзбонии Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи омилҳои сар задани ҳодиса иттилое надодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
Лентаи хабарҳо
0