Ҷудокори тоҷик паҳлавонҳои бритониёӣ ва украиниро шикаст дод

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Паҳлавони номдори Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо "Tbilisi Grand Slam- 2022" дар Гурҷистон ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Шаҳбоз Саидаброров, ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузурги Тифлис -2022" - "Tbilisi Grand Slam" ду ҳарифашро шикаст дода, ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.
Бар асоси гузориши сомонаи ин чорабинӣ, Саидаброров дар вазни то 66 кило бо шикаст додани Грегг Варейи бритониёӣ ва Йевҳен Ҳончаркои украинӣ ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.
Мусобиқаи навбатии паҳлавони тоҷик бо Денис Виеру аз Молдова дар назар аст, ки он ҳам 3 июн баргузор мешавад.
Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон аз санаи 3 то 5 июн давом меёбад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистонро дар он 9 паҳлавони шинохтаи ҷумҳурӣ намояндагӣ мекунанд.
Молодежная сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Пирӯзии ҷавонони тоҷик бар дастаи АМА: бозии ҷавобӣ таъйин шуд
Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров ҳарду дар вазни то 66 кг, Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов ҳарду дар вазни то 73 кг, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ҳарду дар вазни то 81 кг, Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 90 кг, Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир ҳарду дар вазни то 100 кг аз ҷумлаи иштирокдорон гуфта шуданд.
Дар ин мусобиқа иштироки 304 варзишгар аз ҷумла, 190 мард ва 114 зан аз 39 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои 60 ва 66 кило миёни мардон ва 48кг, -52кг, -57кг миёни занон баргузор мешавад.
Даррӯзи дуюм паҳлавонони вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон ва -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 5 июн бо қувваозмоиҳои паҳлавонҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва -78кг, +78кг миёни бонувон ба поён мерасад.
Лентаи хабарҳо
0