Мирзиёев хостори тамошои филм дар бораи Ҷомӣ ва Навоӣ дар тирамоҳ шуд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксЗрители в большом зрительном зале "Кинозала ГУМ", архивное фото
Зрители в большом зрительном зале Кинозала ГУМ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Филм дар бораи дӯстии ду шоир ва мутафаккири тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, дар назар аст, то охири соли равон ба намоиш гузошта шавад
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Филм дар бораи дӯстии Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, адибони ӯзбек ва тоҷик соли равон сабт мешавад.
Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, ба замони намоиши он ишора кард.
"Фикр мекунам, намоиши ин филм ҳодисаи деринтизор дар доираи таҷлили густурдаи 30-юмин солгарди муносиботи дипломатии давлатҳои мо хоҳад буд", - изҳор дошт раисҷумҳури Ӯзбекистон.
Тоҷикистону Ӯзбекистон 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатияшонро моҳи октябри соли равон ҷашн мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ба ҳамкориҳо дар арсаи фарҳангӣ, башардӯстона, бахусус дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.
"Ин самт бо назардошти анъанаҳои наздики фарҳангии ду халқи бародар аҳамияти асосӣ дорад", - изҳор дошт ӯ.
 Переговоры делегаций Узбекистана и Таджикистана в расширенном формате - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Имзои 15 санад дар ҳошияи сафари Раҳмон ба Ӯзбекистон
Азми Тоҷикистону Ӯзбекистон барои офаридани филм дар бораи таърихи дӯстии мардуми тоҷик ва ӯзбек дар симои дӯстии ду мутафаккир, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ҳанӯз дар сафари қаблии Мирзиёев ба Душанбе баён дошта шуд.
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" қаблан гуфт, ниҳоди таҳти идорааш ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон дар пайи омодагӣ ба сабти ин филм ҳастанд.
Муассиса дар ин ҷода коршиносони соҳаро ҷалб намуда, ҷомишиносонро ба ҳамкорӣ даъват карда буд. Интизор меравад, ки ба таҳияи филм мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ низ ҷалб карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0