Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз даргирӣ дар марз: тафсилот

© Пресс-служба президента КыргызстанаФлаги Таджикистана и Кыргызстана
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дарҳол пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, намояндагони хадамоти марзбонии ду кишвар сари мизи музокирот нишастанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Намояндагони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон музокироти дуҷониба анҷом доданд, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Дар мавзеи Торт-Кочо вохӯрии сардори бахши Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар вилояти Бодканд ва сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Ҷонибҳо муноқишаи марзӣ бо истифода аз силоҳи оташфишонро, ки субҳи 3 июн рух дод ва дар натиҷаи он дастикам 3 нафар захмӣ шуданд, баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи як манбаи Sputnik Тоҷикистон, дар мақарри мақомоти қудратии Исфара, музокирот то ҳол идома дорад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар пайи мулоқот намояндагони хадамоти марзбонӣ ба мувофиқа расиданд, нерӯҳо ва воситаҳоеро, ки ба сифати нерӯи иловагӣ ба маҳалли ҳодиса омада буданд, ба нуқтаҳои истиқрори доимияшон ҳидоят намоянд.
Илова бар ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки марзбонони ҳар ду ҷонибро иваз кунанд.
Ғайр аз ин қарор шуд, ки иншооти муҳандисӣ барҳам дода шуда, фиристодани марзбонҳо ба баландиҳои муайяннашудаи марзӣ манъ шавад.
Гуфта мешавад, ки дар музокирот ҳамчунин сарони посгоҳҳои марзӣ ширкат доштанд.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Коршинос гуфт, кӣ метавонад даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунад
Онҳо инчунин зарурати иҷрои созишҳои ҳосилгардида, роҳ надодан ба ҷанҷол ва танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал кардани ҳамаи масъалаҳоро тасдиқ карданд.
Тавофуқ ҳосил шуд, ки хуруҷи нерӯҳои изофӣ аз хатти марзи давлатӣ таҳти назорати сарони посгоҳҳои марзии ду кишвар сурат гирад.
Ҳоло вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором буда, нисбатан муътадил арзёбӣ мешавад.
Тирпарронӣ дар Ворух: шарҳи сокинон ва мақомот
Ёдовар мешавем, ки субҳи 3 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух дод, ки тақрибан ду соат идома кард.
Дар натиҷа 2 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва як сарбоз аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ гардиданд.
Сокинони ҷамоати Ворух мегӯянд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии рустои Офтобрӯй оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, сабаби муноқиша убури ғайриқонунии марзбонони қирғиз аз қаламрави Тоҷикистон будааст.
Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, иллати муноқиша убури ғайриқонунии марз аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қаламрави Булоқ-Бошии ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд будааст.
Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегардад, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
Лентаи хабарҳо
0