Пирӯзии ҷавонони тоҷик бар дастаи АМА: бозии ҷавобӣ таъйин шуд

© ФФТМолодежная сборная Таджикистана по футболу
Молодежная сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Тими ҷавонони Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона дар майдони худ дастаи меҳмонон аз Имороти Муттаҳидаи Арабиро шикаст дод. Бозии ҷавобӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бар тими ҷавонон аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бозии дӯстона дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
"Голҳоро дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Салам Ашӯрмамадов, Азизбек Ҳайитов ва Меҳроб Асоев заданд. Голи ягонаи меҳмононро Алҷуниби Ҳазза ба номаш сабт кард", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки бозии дуюми ҷавобӣ низ дар назар аст. Тимҳои футболи ҷавонони Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Душанбе 4 июн вохӯрии дуюми дӯстонаро баргузор мекунанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дидори дастаҳо соати 20:00 дар назар аст.
Сборная Таджикистана (U-23) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Мураббӣ гуфт, бозигарони калидӣ нестанд: Тоҷикистон бо чӣ рӯҳия Ҷоми Осиёро оғоз мекунад?
Баргузории бозиҳои дӯстона дар ҳолест, ки ҷавонони Тоҷикистон соли равон барои гирифтани роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 талош хоҳанд кард.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон - "U-20" дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "I" мусобиқа мекунад.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳарифони тими кишвар дар ин гурӯҳ дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур мебошанд. Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи "I" аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.
"Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон роҳ меёбанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷоми Осиё-2023 миёни тимҳои миллии ҷавонони кишварҳои минтақа дар риштаи футбол аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0