Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қодиров сабаби якбора суръат гирифтани амалиёт дар Украинаро ошкор кард

© Пресс-служба главы Чеченской Республики / Гузаштан ба хазинаи аксСборы военных в Грозном
Сборы военных в Грозном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба гуфтаи раҳбари Чеченистон, вазири дифои Русия вазифаҳои нав гузоштааст, ки тактикаи амалиёти низомиро такмил медиҳанд ва суръати амалиётро тасреъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Амалиёти вижаи Русия дар Украина тезтар ҷараён мегирад. Дар ин бора Рамазон Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон дар шабакаи "Telegram"-и худ пас аз мулоқот бо вазири дифои Русия Сергей Шойгу хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, вазир "вазифаҳои наверо муайян кард, ки тактикаи минбаъдаро такмил медиҳанд".

"Тадбирҳои андешидашуда имкон медиҳанд, самаранокии машқҳои ҳуҷумӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад, ки ба анҷоми амалиёти махсус бо суръати зудтар мусоидат мекунад", - таъкид кард Қодиров.

Шойгу хоҳиш кард, ки "ба ҷангиён барои саҳми арзандаашон дар мубориза бар зидди сохторҳои миллатгаро сипоси ӯро расонам", - гуфт президенти Чеченистон.
Ӯ ба вазири дифои Русия барои баҳои баланд додани кори низомиён изҳори сипос кард.
"Итминон дорам, ҳамкории минбаъдаи мо имкон медиҳад, самаранокии ҳалли вазифаҳое, ки сарфармондеҳи олӣ ба миён гузоштааст, ба таври назаррас афзоиш ёбад", - хулоса кард Қодиров.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
"Силоҳи махфӣ"-и Русия низомиёни Украинаро ба даҳшат овард
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Дар "Азовстал" ҷангҷӯёни пинҳоншудаи украинӣ боздошт шуданд
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
Ахиран президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон омодагии худро барои ташкили музокироти навбатии тарафҳо изҳор дошт.
Лентаи хабарҳо
0