Боздиди Раҳмон аз корхонаи мошинсозии Ӯзбекистону Чин

© Foto / Пресс-служба Президента УзбекистанаПрезиденты Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев
Президенты Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Дар корхонаи муштараки Ӯзбекистону Чин мошинҳои бахши кишоварзию сохтмонӣ тавлид мешаванд, ки иқтидори бардоштани то 120 тонна борро доранд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон аз корхонаи муштараки ӯзбекистонию чинии истеҳсоли мошинҳо дар шаҳри Хева боздид карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, корхонаи мазкур мошин барои кор дар соҳаҳои сохтмонию кишоварзӣ тавлид мекунад. Корхонаи мазкур соли 2014 ифтитоҳ ёфта, дар ин ҷо асосан бандубасти мошинҳои калонҳаҷми бинокорию кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои фаъолсозии хатти васли мошину таҷҳизот Ширкати байналмилалии истеҳсоли техникаи вазнини чинӣ - XCMG 4,3 млн доллар харҷ карда, феълан дар он тавлиди зиёда аз 40 намуди техникаи бинокорӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ роҳандозӣ гардидааст.
Рахмон и Мирзиёев посетили технопарк в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Боздиди Раҳмон ва Мирзиёев аз парки техникии Тошканд
"Техникаҳои истеҳсоли корхона аллакай дар саросари Ӯзбекистон дар кори сохтмону кишоварзӣ васеъ истифода мегарданд. Технологияҳои каммасрафи корхона арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшавандаро коҳиш дода, рақобатпазирии маҳсулотро баланд мебардорад", - омадааст дар иттилоия.
Аз ҷумла корхона экскаваторҳо барои иҷрои ҳаҷми бузурги корҳо дар саноати кӯҳӣ, ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм, мошинҳои боркаши иқтидори борбардориашон 60 то 120 тонна ва кранҳои иқтидори борбардориашон 50 то 100 тоннаро истеҳсол мекунад.
Ба корхона таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла ҷузъҳои кафшери барқӣ, мошинҳои рангуборкунӣ ва хушккунӣ ворид гардидааст. Оянда истеҳсоли аккумуляторҳо, шиша барои кабина ва чароғҳои равшанидиҳанда низ ба роҳ монда мешавад, гузориш додаанд ба президентҳо масъулини корхона.
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба коргарон барору комёбӣ орзу намуд.
Лентаи хабарҳо
0