Шикасти Саидаброров аз ҷудоварзи рақами 1-и ҳамвазнаш

© Международная федерация дзюдоДзюдоист Шахбоз Саидаброров
Дзюдоист Шахбоз Саидаброров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Ҷудокори шинохтаи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо "Tbilisi Grand Slam- 2022" дар Гурҷистон мақоми 7-умро гирифт
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Шаҳбоз Саидаброров, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузурги Тифлис -2022" - "Tbilisi Grand Slam" аз Денис Виеруи молдовагӣ шикаст хӯрд.
Бар асоси гузориши сомонаи ин мусобиқа, Денис Виеру аз ҷудокорони тавонои рақами 1-и таҳти вазни 66 кило ба шумор меравад, ки паҳлавони тоҷик бо ӯ рақобати шадид нишон дод.
Дар пайи куштигирӣ дар лаҳзаҳои охир Саидаброров барои амали ғайриқоидавӣ аз довар шодо гирифта, ба даври тасаллобахш рафт. Дар ин давр аз ҳарифи бразиллӣ, Лимма Виллиан шикаст хӯрда, зинаи 7-умро соҳиб шуд.
Дар вазни то 66 кило ҳамчунин Тоҷикистонро Нуралии Эмомалӣ намояндагӣ кард, ки дар даври аввал ноком гардид.
Мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон аз санаи 3 то 5 июн давом меёбад. Қаблан Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дода буд, ки кишваррро дар он 9 паҳлавони шинохтаи ҷумҳурӣ намояндагӣ мекунанд.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Ҷудокори тоҷик паҳлавонҳои бритониёӣ ва украиниро шикаст дод
Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 66 кг, Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73 кг, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни то 81 кг, Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 90 кг, Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир дар вазни то 100 кг кишварро намояндагӣ менамоянд.
Дар ин мусобиқа иштироки 304 варзишгар, аз ҷумла 190 мард ва 114 зан аз 39 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои 60 ва 66 кило миёни мардон ва 48кг, -52кг, -57кг миёни занон баргузор мешавад.
Дар рӯзи дуюм паҳлавонони вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон ва -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 5 июн бо қувваозмоиҳои паҳлавонҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва -78кг, +78кг миёни бонувон ба поён мерасад.
Лентаи хабарҳо
0