Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik Автомат Калашникова, архивное фото
Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тирпарронӣ миёни марзбонҳои Тоҷикистону Қирғизистон пеш аз зуҳри 3 июн рух дода, аз истифодаи минамётҳо дар ин даргирӣ хабар дода мешавад
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух дод, хабар дод Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶҚ.
Ҷониби Қирғизистон чун ҳолатҳои қаблӣ ин дафъа низ дар оғози тирпарронӣ марзбонҳои тоҷикро муттаҳам кард. Манобеъ аз ҷониби Тоҷикистон низ рух додани тирпаррониро тасдиқ карданд. Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи омилҳои сар задани ҳодиса иттилое надодаанд.
Мақомоти қирғиз гуфтаанд, гурӯҳи марзбонҳо зимни адои хидмат дар минтақаи Булак-Бошии ноҳияи Бодканд ҳайати марзбонҳои тоҷикро дидаанд, ки хаттии шартии марзро убур кардаанд. Талаботи қонунии марзбонҳои қирғизро сарфи назар карда, сарҳадбонони тоҷик оташ кушоданд, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз миномётҳо истифода намудааст ва ҳеч кас аз ҷониби Қирғизистон то ҳол осебе надидааст. Ба итилои мақомоти марзбонии Қирғизистон, то 13:00-и 3 июн тирпарронӣ дар марз идома доштааст.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Коршиносон гуфтанд, кӣ метавонад ихтилофот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунад
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, бо мақсади ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи минбаъдаи вазъ фармондеҳони марзбонии вилояти Бодканд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.
Дар иттилоияе, ки мақомоти Қирғизистон нашр кардааст, аз ҷониби Тоҷикистон талаб карда шудааст, ки тирпаррониро қатъ кунад ва дар акси ҳол ҳушдор додааст, ки дар ин замина чораҳои ҷавобӣ андешида хоҳанд шуд.
Тоҷикистон ба иттиҳоми ҷониби Қирғизистон феълан посухе надодааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0