Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба рушди “энергияи сабз” дар Тоҷикистон чӣ такон медиҳад

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон рушди бахши гидроэнергетикаро, ки тавликунандаи “энергияи сабз” дар кишвар маҳсуб мешавад, муҳим донист
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар нишасти пешвоёни Эътилофи обу иқлим, гуфт таҳкими бахши гидроэнергетикӣ, дар баробари таъмини рушди иқтисодӣ, ҳамчунин дар мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим метавонад нақши калидӣ дорад.
Ба гуфтаи вай, барои нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ барои давраи то соли 2050 тақрибан 850 гигаватт (гВт) иқтидори иловагии барқи обӣ лозим мешавад.
“Барои то якуним дараҷа дар ченаки Селсий (1,5°C) маҳдуд кардани болоравии ҳарорат зиёда аз 1200 гигаватт барқ зарур аст”, - гуфт роҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳоло дар дунё банақшагирӣ ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 600 гигаватт идома дорад ва зиёда аз 600 гигаватти дигар иловатан зарур дониста мешавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Ҳушдори Раҳмон аз оқибатҳои гармӣ ва мушкили нави ҷаҳонӣ
Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт (МВТ) идома дорад.
“Ин неругоҳ, дар баробари истеҳсоли неруи барқи “сабз” ва дастрас, инчунин, дар идораи устувори захираҳои об, коҳиш додани хавфи селу обхезӣ, хушксолӣ ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми муносиб хоҳад дошт”, - илова кард.
Вай афзуд, тибқи ҳисоби мутахассисон, агар 17 миллиард киловатт (кВТ) соат неруи барқе, ки дар “Роғун” тавлид хоҳад шуд, дар неругоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангиштсанг истеҳсол гардад, партови гази карбон (CO2) ба атмосфера зиёда аз сездаҳуним миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки дар сурати истифода бурдани маводи нафтӣ он қариб даҳ миллион тонна ва дар мавриди истифодаи гази табиӣ зиёда аз шашуним миллион тоннаро ташкил медиҳад.
“Ҳамин тариқ, Неругоҳи “Роғун” дар коҳиш додани партовҳои гази карбон ба атмосфера саҳми хеле арзанда хоҳад дошт”, - қайд кард кишвардори Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон боварӣ дорад, ки масъалаи мазкур, бо дарназардошти аҳамияти он дар ҳалли ҳамгироёнаи мушкилоти обу иқлим, дар оянда мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.
Лентаи хабарҳо
0