Ҷаҳрумӣ: Мубодилоти тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон чору ним баробар афзоиш ёфтааст

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Обуна шудан
Сухангӯи давлати Эрон таъкид кардааст, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон ба чоруним баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Алӣ Баҳодури Ҷаҳрумӣ, сухангӯи давлати ҶИЭ ахиран дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузорти "Эрон пресс" гуфт, ки баъд аз сафари Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар ин муддати кутоҳ ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии байни Эрон ва Тоҷикистон беш аз чоруним баробар шуда аст.
“Афзоиши ин ҳаҷм аз мубодилот ва содирот дар натиҷаи наздикии ду кишвар ва иштирокоти фарҳангӣ, забонӣ ва тамадуни аст, ки аз он метавон ба дурустӣ баҳра бурд”, - гуфт сухангӯи давлати Эрон.
Ҷаҳрумӣ ёдрас шуд, ки 17 тафоҳумномаи имзошуда, метавонад гоми бузург дар такмил ва истиморори сиёсати давлат бошад, ки шоҳиди асарҳои мусбати он низ дар ҳамин муддати кутоҳ будем.
Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран барои дидор ва ройзани бо мақомоти олирутбаи Эрон вориди Теҳрон шуд.
Контейнеры в порту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Ҳавасмандии Тоҷикистон барои роҳёбӣ ба бандарҳои Эрон
Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ дар дидори раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои даруни силоҳи таҳримро аз кор меандозад.
Ахиран Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, ки Эрону Тоҷикистон то кунун ҳудуди 180 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.
Дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон илова кард, ки дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати ду кишвар ба 57 миллион доллар ва ин рақам дар соли 2021 ба 121 миллион доллар расид.
Дипломати тоҷик қайд кард, ки дар Тоҷикистон заминаи мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла доруӣ, гардишгарӣ, масолеҳи сохтмонию дигар соҳаҳо вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба имконоти Тоҷикистон барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид барои содирот ба кишварҳои минтақа низ фароҳам аст.
Лентаи хабарҳо
0