“The Hill”: Ғарб дар ҷустуҷӯи роҳҳои созиш бо Русия аст

© AP / Jon ElswickАмериканские флаги на фоне Капитолия в Вашингтоне, США
Американские флаги на фоне Капитолия в Вашингтоне, США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рӯзномаи “The Hill” навиштааст, ки буҳрони иқтисодӣ Амрико ва Аврупоро маҷбур кардааст, ки бо Русия роҳҳои созиш пайдо намоянд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Кишварҳои Ғарб дарк доранд, ки таҳримҳо ва дар инзиво қарор додани Русия таъсири дилхоҳ надодааст ва ҳоло кишварҳои ғарбӣ талош доранд барои созиш бо Русия роҳҳои гуногун ҷустуҷӯ намоянд, менависад рӯзноманигор Вилям Молонӣ дар нашряи “The Hill”.
Коршинос қайд намудааст, ки "тадбирҳои маҳдудкунанда ба иқтисоди Ғарб бештар осеб расонидааст. Қурби рубл дар моҳи май ба ҳадди ниҳоии ду соли ахир расид ва содироти энержӣ ва кишоварзии Русия ба Маскав даромади рекордӣ овард"
Ба гуфтаи Вилям Молонӣ, ИМА натавонист тамоми ҷаҳонро бар зидди Русия гирдиҳам биёранд.
Флаги России и ЕС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Дарси русӣ: ҷаҳон дигар ба Ғарб бовар надорад
Ҳамин тариқ, аз 195 кишвари ҷаҳон танҳо 65 кишвар ба режими таҳримии ИМА пайвастан. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои "бузург" ба монанди Чин, Ҳинд, Бразилия, Мексика ва Индонезия аз иштирок дар ҷанги иқтисодӣ алайҳи Маскав даст кашиданд.
"Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Русия ҳамчун абарқудраттарин кишвар дар ҷаҳон дар инзиво қарор надорад, балки бараъкс худи Иёлоти Муттаҳида ба он дучор шудааст", - хулоса кард коршинос.
Кишварҳои Ғарб пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина алайҳи Русия маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карданд. Онҳо асосан ба бахши молия ва содироти маҳсулоти технологӣ рабт доранд. Ҳоло даъватҳои Аврупо барои коҳиш додани вобастагӣ аз манобеъи энержии Русия баландтар шудааст. Аммо натиҷаи ин иқдом афзоиши қимати нерӯи барқ ​​ва маводи ғизоӣ дар Амрико ва кишварҳои аврупоӣ шудааст.
Тавре Владимир Путин изҳор дошт, сиёсати боздорӣ ва заъиф кардани Русия барои Ғарб як стратегияи дарозмуддат аст, аммо таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳон таъсири ҷиддӣ мерасонад ва дар ниҳоят зиндагии миллионҳо мардумон дар саросари кишвар бадтар хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0