Путин гуфт, Русия монеи содироти ғаллаи Украина нест

© Sputnik / Артем Креминский / Гузариш ба медиабонкУборка зерновых.
Уборка зерновых. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Обуна шудан
Русия убури осоишта, амнияти наздикшавӣ, вуруди киштиҳои хориҷӣ ва ҳаракати онҳоро дар соҳили баҳрҳои Азов ва Сиёҳ ба ҳар самте таъмин хоҳад кард.
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Русия ба содироти ғаллаи Украина монеа эҷод намекунад, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 1".
Ба гуфтаи ӯ, изҳороте, ки гӯё Русия ба содироти ғалла аз бандарҳои Украина иҷоза намедиҳад, як дурӯғ аст. Ӯ қайд кард, ки барои содироти ғалла чанд роҳ вуҷуд дорад.
"Роҳи аввал. Марҳамат, шумо метавонед тавассути бандарҳое, ки таҳти назорати Украина ҳастанд, пеш аз ҳама ҳавзаи Баҳри Сиёҳ - Одесса ва бандарҳои наздики он содирот кунед. Мо роҳҳо ба бандарро мина накардаем - Украина буд, ки минакорӣ кард", - гуфт Путин.
Президенти Русия гуфт, борҳо ба хамаи ҳамтоёнаш изҳор дошт, ки бигзор минаҳоро тоза кунанд ва киштиҳо пур аз ғалла аз бандарҳо бароянд.
" Мо бе ягон мушкили ба обҳои байналмилали гузариши осоиштаи онҳоро кафолат медиҳем", - гуфт ӯ.
Имкони дигар низ дигар вуҷуд дорад: бандарҳои баҳри Азов - Бердянск, Мариупол - таҳти назорати Русия ҳастанд, идома дод Путин.
"Мо омодаем, ки содироти безарари ғаллаи Украинаро тавассути ин бандарҳо таъмин кунем. Мо аллакай корҳоро оид ба безараргардонии минаҳо ба итмом мерасонем: нерӯҳои украинӣ қаблан онҳоро дар се қабат минакорӣ карда буданд. Мо логистикаи заруриро фароҳам хоҳем овард", - афзуд президенти Русия.
Уборка зерновых. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Путин гуфт, Русия ҳамоно содиркунандаи рақами яки гандум дар ҷаҳон боқӣ мемонад
Ба гуфтаи Путин, боз роҳи дигар вуҷуд дорад - шумо метавонед ғалларо аз Украина тавассути Дунай ва тавассути Руминия, Маҷористон ё Полша содир кунед.
"Дар ниҳоят, соддатарин роҳи содирот тавассути қаламрави Беларус аст. Осонтарин ва арзонтарин, зеро аз он ҷо зуд ба бандарҳои кишварҳои Балтика, ба баҳри Балтика ва минбаъд ба ҳар гӯшаи ҷаҳон меравад. Аммо барои ин бояд таҳримҳо алайҳи Беларусро бекор кард”, - гуфт ӯ.
Путин таъкид кард, ки Русия убури осоиштаро таъмин, амнияти наздикшавӣ ба бандарҳои назоратшавандаро кафолат медиҳад ва вуруди киштиҳои хориҷӣ ва ҳаракати онҳоро дар соҳили баҳрҳои Азов ва Сиёҳ ба ҳар самт таъмин хоҳад кард.
Ӯ ҳамзамон гуфт, ки ҳоло дар бандарҳои Украина киштиҳои зиёди хориҷие дармондаанд, ки ҳоло онҳоро ҳамчун гаравгон нигоҳ медоранд.
Лентаи хабарҳо
0