Ҳукумати Русия созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши таъмини нафақаро тасвиб кард

© Sputnik / Стас ЭтвешДедушка отдыхает на улице в городе Худжанд, перед главной мечетью города
Дедушка отдыхает на улице в городе Худжанд, перед главной мечетью города - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Обуна шудан
Созишнома аз ҷониби Ҳукумати Русия тасдиқ шуда, лоиҳаи қонуни федералӣ бо тартиби муқарраршуда ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Ҳукумати Русия тавофуқномаи ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар заминаи таъмини нафақаро тасвиб кард, гузориш медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
"Лоиҳаи қонуни федералӣ "Дар бораи тасвиби Шартнома байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа" тасдиқ карда, бо тартиби муқарраршуда ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда шавад", — омадааст дар иттилоия.
Созишномаи байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа 15 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ низ парлумони Тоҷикистон созишномаи мазкурро ба тасвиб расонда буд.
Дедушка идет по улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Теъдоди дақиқи нафақахӯрон дар Тоҷикистон маълум шуд
Бар асоси ин созишнома уҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд аз фонди Русия нафақа гиранд. Барои ин онҳо бояд расман бо кор таъмин бошанд ва ба фонди нафақаи Русия пул гузоранд.
Ба гуфтаи Дилмурод Давлатзода, раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, созишномаи ба порлумон пешниҳодшуда аз ҷониби Русия ҳанӯз солҳои 2014-2015 таҳия шуда буд ва пеш аз тасдиқ шудани он на як бору ду бор муҳокима шуд.
"Дар ин муддат 7 даври музокирот миёни мақомоти ду кишвар баргузор шуд ва дар ниҳоят моҳи сентябри соли гузашта ин раванд ба анҷом расид", - гуфт Давлатзода.
Тибқи ин созишнома, шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар Тоҷикистон низ кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ доранд, аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад.
Илова бар ин агар шаҳрвандони Тоҷикистон қаблан дар Русия кор мекарданд, вале дар Ватан ба нафақа баромадаанд, собиқаи кори онҳо дар давлати Русия ба назар гирифта мешавад.
Пожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Теъдоди дақиқи нафақахӯрон дар Тоҷикистон маълум шуд
"Дар ин сурат коргарон метавонанд дар ду кишвар - дар Тоҷикистон ва Русия ба нафақа бароянд. Ҳамзамон онҳо нафақаи мувофиқи собиқаи корашон дар ҳар як кишварро алоҳида мегиранд", - гуфтанд дар баррасии созишнома.
Масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷик аз рӯи собиқаи корӣ дар Федератсияи Русия яке аз масъалаҳои умдаи Тоҷикистону Русия буд. Дар ин бора зиёда аз як сол боз дар идораҳои дахлдори ҳар ду давлат баҳсҳо сурат мегирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0