Садамаи маргбори қатори баландсуръат дар ҷануби Чин: ҷузъиёт

© пресс-центр МВД ПМРМашина скорой помощи у Тирасполе
Машина скорой помощи у Тирасполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Обуна шудан
Дар пайи ин ҳодиса ронанда ба ҳалокат расида, дастикам 8 нафар ҷароҳат бардошт ва мошин аз беш аз 130 мусофир ба таври фаврӣ тахлия шуд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Рӯзи шанбе як қатори мусофирбари баландсуръат дар ҷануби Чин аз хатти ҳаракат баромад. Дар ин бора Телевизиони марказии ин кишвар хабар медиҳад.
Ҳодиса дар музофоти Гуйчжоу рух додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ронанда ба ҳалокат расида, 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Маълум аст, ки 4 июн тахминан соати 10.30 бо вақти маҳаллй (7.30 бо вақти Душанбе) қатори D2809 аз шаҳри Гуйян (маркази маъмурии музофоти ҷанубии Гуйчжоу) ба Гуанчжоу (маркази маъмурии музофоти ҷанубии Гуандун) равон шуд.
Қатор пеш аз ворид шудан ба истгоҳи Рунҷзян дар минтақае дар музофоти Гуйчжоу ба монеа бархӯрдааст.
Пожар в  БЦ Гранд Сетунь плаза на западе Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Сӯхтор дар маркази тиҷоратии Маскав: чанд нафар захмӣ шуд?
Маълум шуд, ки сабаби он селе буда, ки якбора хатти роҳи оҳанро пур кардааст.
Дар натиҷа вагонҳои ҳаштум ва ҳафтум аз хатти ҳаракат баромад.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар ин ҳодиса як ронанда, як кондуктор ва ҳафт мусофир захмӣ шудаанд.
Сӯхтор дар маркази бузурги тиҷоратӣ дар Маскав: видео аз ҷойи ҳодиса
Бо вуҷуди талошҳои табибон, ронанда аз захмҳои бардоштааш даргузашт. Ба боқимондаи маҷруҳшудагон ёрии зарурии тиббӣ расонида шуд, ба ҷони онҳо хатар таҳдиди намекунад.
136 нафар мусофирони қатораи дигар тахлия карда шуданд. Дар ҳоли ҳозир дар маҳалли ҳодиса барои рафъи оқибатҳои садама ва таҳқиқи сабабҳои он корҳо идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0