Дар Олмон истеъфои сафири Украинаро талаб карданд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкВыборы в Бундестаг
Выборы в Бундестаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2022
Обуна шудан
Олмониҳо истеъфои сафири Украинаро талаб намуданд. Ин дархост пас аз таҳқир кардани Ҳукумати Олмон аз сӯйи дипломати украинӣ иттифоқ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Шореҳони олмонӣ дар "Твиттер" аз иддаои таҳқиромези сафири Украина дар Берлин Андрей Мелник дар бораи интиқоли силоҳи олмонӣ ба Киев ба хашм омадаанд.
Рӯзи якшанбе Мелник гуфт, ки даст кашидани мақомоти Олмон аз таъмини Киев бо танкҳои Leopard-1 ва мошинҳои ҷангии "Marder" "шармовар аст, ки дар таърих боқӣ хоҳад монд".
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз изҳороти сафири Украина ба хашм омада, истеъфои фаврии ӯро талаб карданд.
"Шуморо бояд ба ҷавобгарӣ кашид ва аз кор озод кард. Рӯз аз рӯз маълум мешавад, ки Киев ба сулҳ манфиатдор нест ва одамонро бемаънӣ қурбонӣ мекунад", - навиштааст яке аз корбарон.
"Шумо муносибатҳои Олмону Украинаро то абад вайрон мекунед! Лутфан ин кишвареро, ки нисбаташ ин қадар нафрат доред, тарк кунед!" - қайд намудааст корбари дигар.
Танк Т-14 Армата на Тверской улице в Москве перед началом репетиции парада Победы в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Расонаҳо: Миёни Лаҳистону Олмон бар сари интиқоли танкҳо ба Украина нофаҳмӣ сар зад
"Шумо як ғоратгари маъруф ҳастед, на дипломат. Шумо манфиатҳои кишвареро, ки Олмон бо миллиардҳо доллар кӯмак мекунад, ҳимоя мекунед, дар ҳоле ки худатон ҳамарӯза ҳукумати моро таҳқир мекунед", - гуфт як олмонии дигар.
Ин бори аввал нест, ки Мелник Берлинро барои тасмимгирӣ дар интиқоли силоҳ ба Киев интиқод мекунад.
Ҳамин тавр, чанде пеш дар мусоҳиба бо гурӯҳи расонаҳои Funke, ӯ аз интиқоли хеле сусти 15 адад Gepard изҳори норозигӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0