Ҷӯрабек Муродов ҳамроҳ бо санъаткорони ӯзбек дар Сӯх консерт дод

© Sputnik / Амир ИсаевДжурабек Муродов
Джурабек Муродов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Сӯх чорабинии калони фарҳангӣ баргузор гардид. Санъаткорони тоҷику ӯзбек консерти муштарак доданд
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Сӯх консерти калон баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Фарғона.
Дар чорабинӣ шоирону нависандагон, рассомон, ҳунармандон маъруфи Ӯзбекистону Тоҷикистон ширкат доштанд.
Санъати асили мардуми Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ устод Ҷӯрабек Муродов муаррифӣ намуд. Ҳамчунин ҳунармандони дигар чун Озодбек Назарбеков, Ғуломҷон Ёқубов, Ёдгор Саъдиев, Абдуҳошим Исмоилов таъби тамошобинонро болида намуданд.
Санъаткорон асосан аз шоирони маъруф Иқбол Мирзо ва Маҳмуди Тоир суруд хонданд.
Бинои театри Лухтак дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Театри лӯхтак "Гули қоқӯ"-ро ба Русия мебарад
Маврид ба зикр аст, ки солҳои ахир санъаткорони тоҷику ӯзбек ба кишварҳои ҳамдигар бидуни мамоният сафарҳои ҳунарӣ баргузор мекунанд.
Аз миёни ҳунармандони ӯзбек, примадоннаи эстрадаи Ӯзбекистон, Юлдуз Усмонова зуд-зуд меҳмони Тоҷикистон мешавад. Ӯ ҳатто дар чанд барномаҳои худ гуфт, ки ба Тоҷикистон на ба меҳмонӣ, балки чун ба хонаи худ меравад.
Илова бар ин, чанде пеш ҳунармандони Театри давлатии лӯхтак бо сафари корӣ дар Ӯзбекистон қарор доштанд. Онҳо намоишномаи "Маликаи нозанин"-ро дар панҷ шаҳри бузурги Ӯзбекистон, аз ҷумлаи Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияшои Риштон ва Сӯх намоиш доданд.
Таъкид гардида буд, ки сафари ҳунармандони тоҷик бо даъвати Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0