Шартҳои нави барканории раиси Душанбе, ВМКБ ва шаҳру навоҳӣ: қабули тағйирот дар қонун

© Sputnik / Амир ИсаевПарламент Таджикистана, архивное фото
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2022
Обуна шудан
Дар қонунгузории Тоҷикистон тағйироти нав қабул гардид, ки сабабҳои фавран барканор кардани раиси Душанбе, ВМКБ ва шаҳру навоҳии дигарро мушаххас кардааст
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонун "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"-ро қабул намуд, ки марбути маҳрум кардани роҳбарон дар маҳалҳо аз вазифаҳояшон мебошад.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шарҳи тағйироти мазкур аз сабабҳои нав зикр кардаст, ки боиси барканориии роҳбарони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мешаванд, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Манбаъ аз қавли Раҳимӣ овардааст, ки дар қисми якуми моддаи 22-и қонуни амалкунанда дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ сархатҳои шашум ва ҳафтум илова шудаанд.
Бар асоси ин тағйирот, минбаъд раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳолати риоя накардани талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо коррупсия фавран аз мақомашон барканор мешаванд.
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Беш аз 1300 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон ошкор шуд
Далели дигари барканории раиси пойтахт, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ метавонад, нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби онҳо гардад.
Инчунин минбаъд дидаю дониста қабул намудани қарорҳои ғайриқонунӣ дар бораи додан, гирифтан ва вобаста кардани қитъаи замин раисони шаҳру навоҳиро аз мақомашон маҳрум мегардонад.
Тағйироти мазкурро ҳафтаи равон аъзои Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ, ки дар баробари узви дигари Маҷлиси миллӣ - Мадина Набизода ташаббускори тағйироти мазкур мебошад, изҳор дошт, ки он ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Интизор меравад, ки дар пайи имзои ин қонун аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва нашраш дар матбуоти даврӣ он мавриди амал қарор гирад.
Лентаи хабарҳо
0