Тоҷикистон хостори сармоягузории бештари БОР шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВстреча с Вице-президентом Азиатского банка развития Шиксином Ченом
Встреча с Вице-президентом Азиатского банка развития Шиксином Ченом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Бастаи лоиҳаҳое, ки Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон амалӣ карду дар ҳоли татбиқашон аст, беш аз 2 млрд доллари амрикоӣ арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Шиксин Чен, ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Чен барои иштирок дар конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028 дар ҶТ қарор дорад. Ҳамоиши мазкур аз 6 то 9 июн дар Душанбе давом мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон иштироки намояндагони БОР-ро дар конфронси оби Душанбе далели дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об арзёбӣ кардаст.
Ҷонибҳо аз рушди шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Бонк дар тӯли 24 соли ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Таъкид шудааст, ки шарикии ҷонибҳо дар ҳамаи самтҳои муҳим дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидааст.
Ба иттилои расмӣ, бастаи маблағгузориҳои Бонк дар Тоҷикистон то ба имрӯз 175 лоиҳаи сармоягузорӣ ва маблағи онҳо зиёда аз 2 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Тасвиби созишнома барои тобовар кардани кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи Вахш
"Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, шаҳрдорӣ ва бахши молияро баррасӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, феълан дар ин соҳаҳо 17 лоиҳа ба маблағи 900 млн доллар амалӣ шуда истодааст.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, нақлиёт, маориф ва рушди инфрасохтор, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии БОР дар маврҳилаи пешгирӣ аз паҳншавии пандемия ва бартараф намудани пайомадҳои ин изҳори сипос кардааст.
Бонки Осиёии Рушд аз созмонҳои байналмилалии молиявии ҷаҳонист, ки аз шарикони аслии Тоҷикистон дар татбиқи тарҳҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0