Медведев: Аврупо барои хариди нафти Русия роҳҳои пинҳонӣ ҷустуҷӯ хоҳад кард

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ
Заместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия бар он аст, ки Иттиҳодияи Аврпуо бинобар таҳримҳои эъмолкардааш барои хариди нафти Русия роҳҳои мухталифро ҷустуҷӯ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия бар ин назар аст, ки Аврупо ба хотири гурез аз таҳримҳои эъмолкардаи худ роҳҳои "пинҳонӣ"-и харидории нафти Русияро ҷустуҷӯ хоҳад кард.
Ахиран Иттиҳодияи Аврупо дар як маҷалаи расмӣ бастаи шашуми таҳримҳо бар зидди Русияро нашр кард. Дар он, аз чумла, тадричан чорӣ намудани маҳдудиятҳо барои воридоти нефть аз Русия пешбинӣ шудааст.
"Онҳо медонанд, ки барои хариди ашёи хоми Русия бояд роҳҳои "пинҳонӣ" пайдо кунанду пули онро пардохт намоянд ва аз таҳримҳои аблаҳии худ канорагирӣ намоянд", - навиштааст ӯ дар Telegram-канали худ.
Дмитрий Медведев ёдовар шуд, ки аллакай дар Итолиё боркашҳо коршиканӣ доранд, Лаҳистон ва Маҷористон вуруди мошинҳои хориҷиро монеъ мешаванд, мақомоти Варшава аз интиқоли ашёи хом ба Украина худдорӣ кард.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Се кишвар ҳавопаймои Лавровро ба Сербистон роҳ надоданд: вокуниши Шӯрои федератсия
Ба назар чунин мерасад, ки "калтаки ҷанги мардумӣ", ки мансабдорони аврупоиро мезанад, алакай бар сари онҳо боло бурда шудааст" гуфт ӯ.
Ёдрас мешавем, ки баъд аз амалиёти вижаи Русия дар Украина Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ кард. Ба гуфтаи коршиносон аз ин таҳримҳо на ин ки Русия балки худи Иттиҳодияи Аврупо зарари сахт дидааст.
Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба тамоми соҳа аз ҷумла бахши энержӣ дахл дорад.
Лентаи хабарҳо
0