Аз обхезӣ то хушксолӣ: Раҳмон бо ноиби дабири СММ аз тағйирёбии иқлим гуфт

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаВстреча с заместителем Генерального секретаря ООН по экономическим и социальным вопросам Луи Ренмином
Встреча с заместителем Генерального секретаря ООН по экономическим и социальным вопросам Луи Ренмином - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва ноиби дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз онҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Луи Женмин, ноиби дабири кулли СММ дар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, мулоқоти Раҳмон ва Женмин дар ҳошияи Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028 баргузор шуд.
Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои пурсамари Тоҷикистону СММ ва дастгирии ин созмон аз ташаббусҳои Душанбе дар масоили обу иқлим изҳори қаноатмандӣ кард.
"Қабули ҳашт қатъномаи марбут ба об бо иттифоқи оро аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмон, ташкил ва баргузории Конфронси дуюми байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" натиҷаи неку назарраси ин ҳамкориҳо номида шуд", - омадааст дар иттилоия.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба рушди “энергияи сабз” дар Тоҷикистон чӣ такон медиҳад
Коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза ва ҷалби маблағҳо ба ин самт аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Луи Женмин арзёбӣ шуданд.
Ҷонибҳо дар бораи ҳалли мушкилоти тағйирёбии даври гидрологӣ, истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, обхезиву хушксолиҳо, амнияти озуқаворӣ ва обшавии пиряхҳо табодули андеша карданд, афзуд манбаъ.
Раисҷумҳури Тоҷикисон ва ноиби дабири СММ инчунин аз конфронси ин созмон барои баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, гуфтугӯ доштаанд.
Конфронси Душанбе дар масоили об тайи рӯзҳои 6 - 9 июн бо иштироки намояндагони кишвару созмонҳои байналмилалӣ идома хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0