Равобити иқтисодии Тоҷикистону Эрон танҳо дар ҳашт моҳи ахир чаҳор баробар афзоиш ёфт

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар солҳои ахир равибити иқтисодии миёни ду кишвар ба камтар аз ҳафтяк коҳиш пайдо кард, вале ахиран вазъ тағйир ёфт
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаи эронӣ “khamenei.ir”, таъкид доштааст, ки дар солҳои авҷи равобит, сақфи таомулоту табодулоти молии Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаи иқтисодӣ сесад миллион доллар буд, ки дар солҳои ахир ба камтар аз ҳафтяк коҳиш пайдо карда буд.
Вай гуфт, вале равобити иқтисодии ду кишвар дар тӯли муддати ҳашт моҳи ахир чаҳор баробар афзоиш пайдо кардааст.
“Албатта, моҳияти иқтисоди ду кишвар мукаммал ва зарфиятҳои ҳар ду кишвар хеле бештар аз инҳост. Аммо ҳамин муддат нишон дод, ки мо метавонем ҳаҷми таомулоту табодулоти худмонро дар ҳавзаи иқтисодӣ ва хадамоти техникӣ-муҳандисӣ боло бибарем”, - қайд кардааст оқои Сафири Эрон дар Тоҷикистон.
Контейнеры в порту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Ҳавасмандии Тоҷикистон барои роҳёбӣ ба бандарҳои Эрон
Муҳаммадтақии Собирӣ илова кард, яке аз нукоте, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори ахираш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид карда буд, Теҳрон барои ҳамкорӣ бо Душанбе дар ҳавзаҳои мухталиф омодагӣ дорад ва маҳдудияте дар ин раванд вуҷуд надорад.
“Тоҷикистон кишварест, ки дорои зарфиятҳои табиӣ, худододӣ ва маодину дигар зарфиятҳост. Маҳсулоти хубе ҳам дорад”, - гуфт сафир.
Вай афзуд, Эрон ҳам зарфиятҳои хеле хубе дорад ва қарор бар ин шуд, то дар қолаби ҳамон Комиссияи муштарак гурӯҳҳои техникӣ бо талоши бештар корҳоро ба саранҷом бирасонанд, ки иншоаллоҳ дар тӯли яксоли оянда битавонем инро ба рушди болое бирасонем.
Ёдрас мешавем, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба кишвари Эрон ҳабдаҳ санади ҳамкорӣ ҳам ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0