Талаби 10 000 сомонӣ барои озодӣ аз сарбозӣ: боздошти корманди комиссариати ҳарбӣ

© Sputnik / Максим БогодвидВоенный билет. Архивное фото
Военный билет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дере нагузашта аз боздошти мудири бахши ҷавонони шаҳри Панҷакент мақомот корманди комиссариати ҳарбиро дар Шаҳринав боз барои билетфурӯшӣ боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Ожонсии зидди фасод Н.С, хоҷагидори комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринавро дастгир кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, номбурда дар истифодаи мақоми хидматӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда замони фаъолияташ аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии корношоям маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомониашро гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб намудааст.
"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Н.С, баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2000 сомонии дигар дар ҷой ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд", - афзудааст манбаъ.
Задержание преступника - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Дар Панҷакент алайҳи мудири ҳукумат парванда боз шуд
Ин ниҳод мегӯяд, вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 банди “в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар баррасси додгоҳ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ин нахустин боздошти кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ набуда, дар гузашта низ оҷонсӣ аз чунин ҳолатҳо зиёд хабар додаааст.
Маврид ба зимкр аст, ки ахиран ин ниҳод алайҳи мудири бахши ҷавонон, варзиши шаҳри Панҷакент дар пайи шикояти як сокини ҷамоати Саразм парванда боз карда буд.
Номбурда моҳи феврали соли 2022 бо роҳи фиреб ба бовари сокини 59-солаи ҷамоати деҳоти Саразм даромада, барои ба хидмати алтернативии ҳарбӣ сафарбар накардани фарзандаш 28 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Лентаи хабарҳо
0