Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Теъдоди асирони ҷангии украинӣ ба 6489 нафар расид

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузариш ба медиабонкСдавшихся в плен украинских военных и боевиков доставляют в СИЗО в Еленовку
Сдавшихся в плен украинских военных и боевиков доставляют в СИЗО в Еленовку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Теъдоди низомиёни асируфтодаи Украина рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва инак, ба 6489 нафар расидааст, гуфт вазири дифои Федератсияи Русия
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Теъдоди умумии низомиёни асиршудаи Украина аз 6,4 ҳазор нафар гузашт. Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи сешанбе хабар дод.
"Дар панҷ рӯз 126 низомии қувваҳои мусаллаҳи Украина таслим шуданд, ки шумораи умумии онҳо 6489 нафарро ташкил медиҳад", - гуфт Шойгу дар конфронсе дар бораи натоиҷи амалиёти вижаи низомӣ.
Ин дар ҳолест, ки яке аз сарбози асируфтодаи украинӣ сабаби таслим шуданро бемаънӣ будани муқовимат гуфт.
"Дигар муқовимат кардан бемаънӣ буд, ризқу рӯзӣ, об, снаряду патронҳо тамом мешуданд, ҳатто ба мо касе кумак накард. Фармондеҳон низ зидди таслимшавӣ набаромаданд. Онҳо ҳам таслим шуданд", - гуфт дар суҳбат бо рӯзноманигорон сарбоз Евгений.
Шӯрои федератсия: Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро ба дарозо намекашад
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Разминирование территории комбината Азовсталь и бывших позиций ВСУ в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар амалиёти вижа дар Украина тавонотарин силоҳи Русия номида шуд
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ, озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд, вале ба натиҷаҳои хуб даст наёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0