Боздиди коршиносони ҷаҳонӣ аз ВМКБ ва Нораку Роғун

© AFP 2022 / KADAM MASKAYEVСарезское озеро в горах Памира, архивное фото
Сарезское озеро в горах Памира, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндагони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ бо захоири оби Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Як гурӯҳи меҳмонони Тоҷикистон, ки барои иштирок дар конфронси об ба Душанбе омадаанд, аз минтақаҳои гуногуни кишвар боздид намуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим дар шаҳрҳои Норак ва Роғун бо захираҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ шинос шудаанд.
Инчунин онҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид карда, бо вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи Федченко ва кӯли Сарез шинос шуданд.
Сафари коршиносони ҷаҳонӣ дар ҳоле баргузор гардид, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Нигаронии Раҳмон аз сатҳи пасти таъминот бо об дар ҷаҳон: 2 млрд нафар дастрасӣ надоранд
Ӯ аз қавли коршиносон гуфт, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар сайёра ба шумор мераванд.
Вазъи таъмини об дар кишварҳои Осиёи Марказиро президент яке аз намунаҳои возеҳи ин гуфтаҳо арзёбӣ кард.
Дар самти ҳифзи захоири об Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳидро як қадами дигар унвон карда буд, ки метавонад барои омӯзиши ҳамаҷониба ва пешниҳоди ҳалли муассири ин мушкили ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе дар масоили об то 9 июн бо иштироки намояндагони созмону давлатҳои гуногун идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0