Тафсилоти мурофиаи 11 тоҷик дар додгоҳи Лайлак: маълум шуд, ҷаримаро кӣ мепардозад

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои убури ғайриқонунии марз боздошт шуда буданд, ҳукм содир кард
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Ҷаримаи 11 сокини ҷамоати Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суди ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро як шаҳрванди ин кишвар ба зимааш гирифтааст.
Зеро шаҳрванди Қирғизистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, барои истихроҷи ангишт дар кони шаҳраки Сулукта сокинони наздимарзии ҷамоати Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудааст.
Нодир Усмонзода, раиси ҷамоати Қурғонча дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи 3 июн мурофияи 11 сокини ин ҷамоат дар додгоҳи ноҳияи Лайлак ба анҷом расид.
Дар умум додгоҳ онҳоро барои убури ғайриқонунии марз ба пардохти 550 ҳазор сом, муодили 6,9 ҳазор доллар ҷарима ва як моҳ кор ба нафъи ҷамъият муҷозот намудааст.
Раиси ҷамоати Қурғонча гуфт, пардохти маблағи ҷаримаи сокинонро соҳибкори қирғиз худаш ба зимма гирифтааст.

“Мо аз ҷараёни мурофияи судӣ огоҳ ҳастем ва аз аввал онро пайгирӣ мекардем. Дар мурофия худи ҳамон соҳибкор иштирок карда, чӣ гуна ғайриқонунӣ ба кор дар кони ангишт ҷалб намудани сокинонро иқрор намудааст. Бинобар ин пардохти ҷаримаро худаш ба гардан гирифтааст”, - гуфт раиси ҷамоати Қурғонча.

Нодир Усмонзода, дар бораи шахсияти соҳибкори қирғиз изҳори беиттилоӣ кард, вале гуфт, ки солҳои қаблӣ ин соҳибкор ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ангишт ворид мекард.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, афроди муҷозотшуда ҳама мард ва сокинони ӯзбектабори деҳоти Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, аз 21 то 45 сол син доштаанд.
Раиси ҷамоат гуфт, ки ҳоло ин гурӯҳи сокинон аз боздоштгоҳ раҳо шуда, баъди ба итмом расидани як моҳи корҳои ислоҳӣ дар кони ангишти шаҳраки Сулукта ба зодгоҳи худ бармегарданд.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов баъд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара сеюмин ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад.
Заключенные в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Боздошти 11 тоҷикистонӣ дар Қирғизистон: сабаб
Ахиран додгоҳи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки тайи як соли гузашта 39 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 39 нафарро барои убури ғайриқонунии марз баррасӣ кардааст.
Бахтиёр Оқилзода, раиси суди вилояти Суғд гуфт, дар феҳрасти марзшиканон асосан шаҳрвандони Қирғизистонанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.
Лентаи хабарҳо
0