Муовини вазири маорифи толибон: Ислом касби илмро бар марду зан фарз кардааст

© AP / Jose Luis MaganaЭвакуированные семьи в аэропорту Dulles в США
Эвакуированные семьи в аэропорту Dulles в США  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Муовини вазири маорифи толибон бар касби илм ва дониш бидуни тафкики ҷинсият таъкид карда мегӯяд, ислом касби илму донишро бар марду зан фарз кардааст
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Масъулони Маркази таҳқиқоту тавсеаи Осиёи Марказӣ ахиран нишастеро зери унвон "Гуфтумони Афғонистон, маориф, таҳсилоти олӣ ва фақр" дар Кобул баргузор карда, ҳадафи онро ҷамъоварии назариёти мутахасассин ба манзури бурунрафт аз чолишҳои мавҷудаи иқтисодӣ, таҳсилӣ ва таълимӣ дар Афғонистон унвон мекунанд.
Абдулфаттоҳи Ҳакимӣ, раиси Маркази таҳқиқот ва тавсеаи Афғонистон гуфт: "Мо як чатреро эҷод кардем, то назариёти мутахасассинро ба манзури бурунрафт аз чолишҳои иқтисодӣ, таҳсиливу таълимии Афғонистон ҷамъоварӣ карда, онро бо масъулон шарик созем".
Дар ин нишаст Шайх Аҳмади Шаҳиди Хиёл, муовини вазири маорифи ин кишвар гуфт, инсонҳо дар ҳар арсаи зиндагии хеш ниёз ба илм ва дониш доранд, ки касби он тазминкунандаи пешрафту тараққии ҷомеа аст.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
SIGAR: Ашраф Ғанӣ бо камтар аз як миллион доллар аз Афғонистон гурехт
Вай бо баёни ин ки бояд тамоми ақшори ҷомеа, ба шумули занон ба илм дастрисӣ дошта бошанд, гуфт: “Инсон дар зиндагии фардӣ, иҷтимои дунявӣ, ухравӣ ва маданӣ ба илму дониш зарурат дорад, бояд заминаи касби илмудониш барои ҳамаи ақшори ҷомеа фароҳам шавад, зеро паёмбари ислом (с) дар қисмати таълиму тарибияи мардон ва занон диди яксон дорад.
Ӯ бар тавозуни илму дониш таъкид карда гуфт: “Мо илми моддӣ ва маънавӣ дорем, ки илми моддӣ бар вақояи ҳимоят аз бадан таъкид дорад, аммо ислоҳи рафтору гуфтор ва ахлоқӣ ниёз ба илми маънавӣ дорад, ки вуҷуди инсон ба ҳар ду илм зарурат дорад.
Ба гуфтаи ӯ, илми моддӣ бидуни илми маънавӣ ва ахлоқӣ табоҳӣ бор меоварад, ки намунаи боризи он ҷангҳои ҷаҳонии аввалу дувуму вазъияти имрӯзи кишварҳои Русияву Ироқ ва Фаластин аст.
Анас Ҳаққонӣ, узви аршади толибон дар ин нишаст заъфи давлатҳо, ҷанги дохилӣ, адами илму дониш, адами маҳорат, бекорӣ, тағйироти иқлим, афзоиши нуфус, тавваҷуҳ накардан ба бахши хусусиро аз авомили умдаи фақр хонд.
Лентаи хабарҳо
0