Офатро каму нерӯро зиёд мекунад: Раҳмон аз суди "Роғун" гуфт

© Sputnik / Стас ЭтвешРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон дар баробари тавлиди нерӯи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза хавфи офатҳои табииро кам мекунад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тоҷикистон феълан танҳо 3 - 4% аз иқтидори умумии гидроэнергетикияшро истифода мебарад.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни ҳамоиш дар мавзӯи об дар Душанбе баён дошта, афзуд, ки иқтидори умумии гидроэнергетикӣ дар кишвар солона 527 млрд КВт/соат баробар мебошад.
Ӯ аз ҷумлаи иқдоми ҳукумат барои истифодаи ин захираро, сохтмони неругоҳи барқи обии "Роғун" бо иқтидори умумии 17 КВт/соат гуфт, ки феълан идома дорад.
"Ин неругоҳ, дар баробари истеҳсоли неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва дастрас, инчунин, дар идораи устувори захираҳои об, коҳиш додани хавфи селу обхезӣ ва хушксолӣ, кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми бузург хоҳад дошт", - таъкид намуд Раҳмон.
Строительство Рогунской ГЭС в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Раҳмон: Тоҷикистон мехоҳад аз обаш ҳама фоида бинанд
Ба гуфтаи раисҷумҳур, қисми зиёди барқи "Роғун" барои содирот ба кишварҳои ба неруи барқ ниёзманди минтақа нигаронида шудааст, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишварҳо мусоидат менамояд.
"Ҳамзамон бо ин, барқи "Роғун" ва дигар неругоҳҳои Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ, ки яке аз мавзӯъҳои муҳимми ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, саҳми муносиб хоҳад гузошт", - илова намуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки НБО-и "Роғун" бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии минтақа хоҳад шуд, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳояш ба мардум ва ширкатҳо, буҷаи давлатӣ ва вомҳои гирифта аз хориҷа бунёд шуда истодааст.
Он дар 110-километрии шарқи Душанбе ҷойгир буда, баландии пешбинишудаи сарбанд 330 метр дар назар аст.
Моҳи ноябри соли 2018 чархаи якуми неругоҳи барқи обии "Роғун" ва дуюмаш сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0