Раҳмон: Тоҷикистон мехоҳад аз обаш ҳама фоида бинанд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонСтроительство Рогунской ГЭС в Таджикистане
Строительство Рогунской ГЭС в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо зикри захираҳои бузурги обӣ дар ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки истифодаи самараноки он барои ҳалли масоили мубрами минтақа мусоидат кунад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тоҷикистон, ки дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ҳамеша хостори истифодаи самараноки онҳо ба манфиати кулли кишварҳои минтақа мебошад.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни конфронси байналмилалӣ дар масоили об дар Душанбе таъкид намуд.
"Идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла ҳамбастагии об бо масъалаҳои энергия, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист яке аз абзорҳои асосӣ дар рафъи мушкилоти марбута дониста мешавад", - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ зикр намуд, ки дар Тоҷикистон тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои обёришаванда таъмин мегардад. Ҳамзамон дар кишвар беш аз 98%-и барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад.
Сарезское озеро в горах Памира, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Боздиди коршиносони ҷаҳонӣ аз ВМКБ ва Нораку Роғун
Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза, яъне "нерӯи сабз" дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Рустам Латифзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар парлумон изҳор дошт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвар аз талаботи солонаи Осиёи Марказӣ бамаротиб бештар аст.
Бино ба иттилои расмӣ, шабакаи гидрографии Тоҷикистон 25 ҳазор дарёи хурду бузургро бо дарозии 70 ҳазор километр ташкил медиҳад. Аз ин 947 дарё дарозиашон аз 10 то 100 км, 16 дарё бо дарозии аз 100 то 500 ва 4 дарё аз 500 км дароз мебошад.
Инчунин дар ҷумҳурӣ 1300 кӯли хурду бузург ҷойгир аст, ки машҳуртарини онҳо Сарез, Қаракӯл, Искандаркӯл ва ғайра мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0