Салиби Сурх: Маҳори буҳрони Афғонистон бидуни басиҷи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ мумкин нест

© AFP 2022 / Bulent Kilic Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дафтари намояндагии Салиби Сурхи дар Афғонистон эълом кардааст, ки бидуни басиҷи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавон буҳрони иқтисодӣ дар ин кишварро маҳор кард
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Алви Филион, раиси Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурхи ҷаҳонӣ дар Афғонистон ахиран дар саҳифаи твиттериаш навишт, амиқтар шудани буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон миллионҳо нафарро ба фақр рӯ ба рӯ месозад.
Филион бо нашри тасвире аз фурӯши аҷноси манзил дар Кобул гуфтааст, ки "мардум то ҳол талош доранд, бо фурӯши ашёи рӯзгор барои хонаводаҳои худ як луқма нон пайдо кунанд."
Раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Афғонистон хостори басиҷи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар шуд.
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Собирӣ: Теҳрону Душанбе мавзеи муштараке дар заминаи масоили Афғонистон доранд
Ёдрас менамоем, ки пештар муовини бахши Осиё дар Барномаи ҷаҳонии ғизо гуфта буд, ки 18 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд.
Бо пирӯзии толибон дар Афғонистон созмонҳои кӯмаки башардӯстона ҳушдор додаанд, ки 24 миллион нафар дар Афғонистон зери хатти фақр қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Сандуқи Наҷоти Кӯдакон гуфта буд, ки бештари атфол дар Афғонистон барои хӯрдан чизе надоранд ва гурусна хоб мекунанд.
Ин созмон дар гузориши худ таъкид карда буд, ки қимати ғизо дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Таҳдиди асосӣ ба Осиёи Марказӣ аз Афғонистон гуфта шуд
Ба гуфтаи ин созмони байналмилалӣ, хонаводаҳои бекор аз ин ки ҳазинаи ғизои фарзандонашонро таъмин карда наметавонанд, ноумед шудаанд.
Созмони Наҷоти Кӯдакон ҳамчунин қайд карда буд, ки ҷанг дар Украина метавонад қимати маводи ғизоӣ дар Афғонистонро боз боло барад.
Кумитаи Байналмилалии Наҷот ҳамчунин пештар хабар дода буд, ки баъд аз тағйири режим дар Афғонистон наздик ба 97 дарсади аҳолии Афғонистон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ниёз ба кумакҳои башардӯстона дар саросари ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0