Дар шаҳри Турсунзода озмоишгоҳи вирусшиносӣ ифтитоҳ шуд

© UNSPLASHВрач в лаборатории делает анализы
Врач в лаборатории делает анализы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ин ташхисгоҳ ташхиси бемории COVID-19, инчунин гузаронидани ташхис ва тестҳои бемории гепатити В ва С сари вақт ва саҳеҳ амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар назди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода ташхисгоҳи вирусологӣ таъсис дода шуд.
Ин озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки аз ин ва баъд мардуми шаҳри Турсунзода бо хидматрасонии сатҳи баланд дар зодгоҳашон таъмин бошанд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов, раиси шаҳр Парвиз Акрамзода аз ҷараёни кори ташхисгоҳи вирусологӣ дидан намуда, барои дар сатҳи баланд хидматрасонӣ намудан супориш додааст.
Ӯ ҳамчунин ба иҷрои саривақтии ташхису баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти риояи талаботи сантитарию эпидемиологӣ ба масъулини Маркази назорати давлатии санитпарию эпидемиологии шаҳр дастур додааст.
Медицинская лаборатория, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Русия омодааст, барои ташхиси обилаи ҳамдуна ба кишварҳои ИДМ асбоби озмоиш диҳад
Мудири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода Мизроб Саидзода иброз дошт, ки ташхисгоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосири вирусшиносӣ муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони ботаҷрибаи соҳа фаъолият менамоянд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Яке аз афзалияти ташхисгоҳ дар он аст, ки вуҷуди бемории COVID-19 -ро дар организми инсон дар муддати кӯтоҳ ва саҳеҳ муайян менамояд.
Дар Суғд гуфтанд, ки чи гуна аз паҳншавии обчакони маймун пешгирӣ мекунанд
Ин дар ҳолест, ки ҳамкории илмию амалии "Роспотребнадзор" бо шарикон дар ИДМ барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои сироятӣ дар фазои ягонаи эпидемиологӣ идома меёбад.
Пештар хабар дода шуд, ки Русия омодааст, барои ташхиси обилаи ҳамдуна ба кишварҳои ИДМ асбоби озмоиш диҳад.
Лентаи хабарҳо
0