Вокуниши Ғарб ба талаби Зеленский дар мавриди Қрим

© Пресс-служба президента УкраиныПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Дар миёни кишварҳои ғарбӣ масъалаи дигари баҳсӣ пайдо шуд: бархе давлатҳои аврупоӣ аз талаби раисҷумҳури Украина дар мавриди Қрим ҷонибдорӣ накардаанд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Итолиё, Фаронса ва Олмон аз талаби Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар мавриди Қрим ҳимоят накардаанд, хабар дод "American Conservative".
Манбаъ зикр кардааст, Зеленский мунтазам талабот дар мавриди баргардондани Қрим ба таҳти идораи Киевро изҳор мекунад.
Аммо шореҳи нашрия Патрик Бюкенен менависад, Рим, Порис ва Берлин аз ин иддао ҳимоят намекунанду ҷонибдорияшонро барои эътидоли ҳарчи зудтари вазъ дар Украина баён медоранд.
"Касе барои талабот, ки Владимир Зеленский гоҳҳо ба миён мегузорад, пойфишорӣ намекунад: талабаш хуруҷи Русия аз ин қаламрав мебошад, ки аз соли 2014 ба ин сӯ таҳти назораташ дорад", - омадааст дар матлаб.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Макрон бо як ибора дар бораи Русия Украинаро тарсонд
Дар зимн бархе аз роҳбарони кишварҳои Аврупои Шарқӣ роҳбари украиниро дар ин иддаояш ҷонибдор мекунанд.
Қаблан Зеленский изҳор карда буд, ки Киев ҳич гоҳ Қримро ҳамчун қаламрави Русия эътироф намекунаду ба мухторияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск розӣ намешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Қрим соли 2014 дар пайи як раъйпурсии умумихалқӣ ба Русия пайваст шуд. Ин иқдом баъди он сурат гирифт, ки дар Украина табаддулоти давлатӣ сурат гирифт.
Мақомоти Русия мегӯянд, ин интихоби сокинони Қрим буд ва аз роҳи демократӣ, бар асоси меъёрҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид пайвастшавӣ сурат гирифт.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, масъалаи ба кӣ тааллуқ доштани Қрим барои ҳамеша баста шуд.
Лентаи хабарҳо
0