Зеленский бори дигар аз омодагии худ барои музокирот бо Путин гуфт

Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Зеленский бори дигар тасдиқ кард, ки барои музокироти сулҳ бо Путин омодааст, аммо дар баробари ин ӯ гуфт, бояд дар майдони ҷанг пирӯзӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Владимир Зеленский бори дигар омодагии худро ба музокироти сулҳомез бо ҳамтои русаш Владимир Путин изҳор дошт, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба "Financial Times".
"Зеленский гуфт, ки "бояд пирӯзӣ дар майдони ҷанг ба даст ояд", аммо ҳамзамон таъйид кард, ки ӯ барои музокироти сулҳ бо (Русия) Владимир Путин омодааст", - навиштааст ин рӯзнома, ки бо Зеленский видеоконфронс ташкил кардааст.
Вай ҳамчунин гуфт, ки бунбаст дар низоъ бо Русия барои Киев "илоҷи кор нест" ва бори дигар аз Ғарб даъват кард, ки аз Украина пуштибонӣ кунанд.
Украина ва Русия тақрибан аз оғози амалиёти низомии Русия барои ҳалли дипломатии низоъ музокира мекунанд, аммо моҳи апрел ин муколама қатъ шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия баъдан изҳор дошт, ки худи Киев музокирот бо Русияро мутаваққиф кардааст ва ба пешниҳодҳои Маскав дар бораи тарҳи созишнома вокуниш нишон надод.
Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2022
"Ба ҳарфҳои Путин гӯш деҳ, на ба Зеленский": тавсияи фаронсавиҳо ба Макрон
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки роҳбарияти Украина пайваста изҳороти хилофи ҳамдигар мекунад ва ин имкон намедиҳад, ки хоҳиши Киевро рӯшан нишон диҳад, бинобар ин ӯ гуфт, "музокирот ҳоло бо хоҳиши Украина, тибқи муқаррарот, боздошта шудааст".
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Дар амалиёти вижа дар Украина тавонотарин силоҳи Русия номида шуд
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд, вале ба натиҷаҳои хуб даст наёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0