Аз Данғара вакили нав вориди парлумон мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевРектор Института госуправления РТ Лютфия Абдухоликзода
Ректор Института госуправления РТ Лютфия Абдухоликзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Моҳи августи соли равон маълум хоҳад шуд, ки ба ҷойи Лутфия Абдухолиқзода кӣ ба ҳайси вакил вориди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таърихи рӯзи интихоботи миёнадаврӣ ба ҷойи вакилони хориҷшуда аз Маҷлиси намояндагони ҷумҳуриро 14 август муқаррар кардааст.
Қарор дар ин бораро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи 8 июн бо баргузории як ҷаласа қабул намудааст.
Бар асоси ин қарор, 14 август дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Данғара, рақами 36 овоздиҳӣ барои интихоби вакили нав сурат мегирад. Феълан дар мавриди номзадҳое, ки ба ин мақом пешбарӣ мешаванд, иттилое дастрас нест.
То аввали соли равон масъулияти вакилӣ аз ҳавзаи Данғараро Лутфия Абдухолиқзода ба уҳда дошт. Дар пайи тағйироти кадрӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи феврали соли равон дар раёсати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ амалӣ кард, Абдухолиқзода низ аз курсияш дар парлумон маҳрум шуд.
Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин,ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Эълони интихобот барои курсии собиқи Насриддинзода дар парлумон
Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардид.
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 вакил иборат мебошад, ки дар 5 сол як бор аз тариқи интихоботи умумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон доимамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Интихоботи охири парлумонӣ дар Тоҷикистон 1 марти соли 2020 баргузор гардида, аксари курсиҳои Маҷлиси намояндагони ҷумҳуриро намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шуданд, ки роҳбарии онро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0