СҶБ: Мумкин аст, ки инсон дубора гирифтори обилаи ҳамдуна шавад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкВ России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19
В России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, мумкин аст, одамон дубора ба обилаи ҳамдуна мубтало шаванд, вале моякубии оммавиро алайҳи ин сироят тавсия намедиҳад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Шахс метавонад дубора ба обилаи ҳамдуна сироят шавад, гуфт Розамунд Люис, раиси котиботи барномаи изтирории СҶБ.
"Мо аллакай дидем, ки чӣ тавр дар Африқои Ғарбӣ духтуре, ки аллакай ба обилаи ҳамдуна гирифтор шуда буд, баъдан дубора бемор шуд. Моякӯбӣ аз сирояти дубора 100% муҳофизат намекунад", - гуфт коршинос.
СҶБ инчунин эмкунии оммавиро бар зидди ин беморӣ тавсия намедиҳад, зеро чанд ҷойе, ки ваксинаҳо мавҷуданд, барои муҳофизати шахсони гирифтор ва дар хатар буда, истифода мешаванд, гуфт раҳбари СҶБ Тедрос Адханом Гебрейюс.
Аввалин ҳодисаи сирояти обилаи маймун дар бадани одам дар соли 1970 муайян карда шуда буд.
Баъдан, ин ташхис ба одамон борҳо гузошта шуд, аммо, чун қоида, онҳо дар Африқо буданд.
Мали. Город Мопти - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Башарият дар хатар: изҳороти ҳайратангези Вазорати дифои Русия дар бораи обилаи маймун
Тибқи мушоҳидаҳои тиббӣ, одатан ин сироят аз ҳайвонот ба одам мегузарад.
Ахиран табибон дар кишварҳои мухталифи Аврупо ва ҳамчунин дар Амрикову Австралия ба даҳҳо ҳодисаи бемории обилаи маймун дучор шуданд. Дар баробари ин, роҳҳои паҳншавии сироят ба мутахассисон пурра равшан нест.
Бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.
Обчакони ҳамдуна ба Тоҷикистон ҳам расид? Посухи Вазорати тандурустӣ
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
Лентаи хабарҳо
0