КҲФ аз пайдо кардани ду ҷасад хабар дод, ки яке ноболиғи 13-сола аст

© Sputnik / Александр Пирагис / Гузаштан ба хазинаи аксУчения спасательного отряда в водоеме, архивное фото
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда давоми як шабонарӯз якбора ду ҷасадро дарёфт намуданд, ки яке ноболиғи 13-сола ва дигаре марди 51-сола аст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ҷасади ноболиғеро, ки ҳанӯз рӯзи 1 июн дар дарёи Вахш ғарқ шуда буд, наҷотбахшон пас аз ҳафт рӯз пайдо карданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад, ки кормандони фурудгоҳи шаҳри Бохтар ҷасадеро дар рӯи обро дида, ба дафтари ин ниҳод иттилоъ додаанд. Наҷотбахшон пас аз ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Маълум гардид, ки марҳум сокини шаҳри Левакант, хонандаи синфи шашум будааст.
Манбаъ меафзояд, ин ноболиғ рӯзи 1-уми июн дар оби дарёи Вахш, дар ҳудуди шаҳри Левакант, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Нурафшон ғарқ шуда буд.
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Дар Ишкошим марде ҳамсари даст ба худкушизадаашро наҷот доду худ ғарқ шуд
Ҳамзамон КҲФ аз пайдо кардани ҷасади марди 51-сола хабар дод. Марҳум сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, ки пайвандонаш аз ногаҳон бедарак шудани ӯ ба мақмоти дахлдор муроҷиат кардаанд.
КҲФ мегӯяд, пас аз пурсуҷӯи шоҳидон ва роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ сарулибоси ӯ дар соҳили канали Қумсангир пайдо шуд.
Зимнан аз ҷониби нерӯҳои ғайриҳарбӣ ва дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати кумита дар вилояти Хатлон ҷасади номбурда 1500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо шудааст, ки онро хешовандони марҳум супурдаанд.
Гуфта мешавад, феълан иллати марги ҳар ду ғарқшуда маълум нест ва мақомоти зирабт пайи мушаххас кардани сабабҳои ғарқшавии онҳо ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0