Хуршедаи Қодир: Саҳми бонувони соҳибкори тоҷик дар рушди бахши иқтисод хеле назаррас аст

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЦех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар мизи мудавваре аз саҳми бонувони соҳибкори тоҷик дар рушди иқтисоди кишвар гуфт
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар як мизи мудаввар, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, қайд кард, саҳми бонувони соҳибкори тоҷик дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар хеле назаррас аст.
Ба гуфтаи вай, бонувони соҳибкори тоҷик тавассути бунёди марказҳои хидматрасониву тиҷоратӣ ва сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ ба бахши иқтисод ва иҷтимои кишвар саҳми назаррас гузоштаанд.

“Занҳои соҳибкор коргоҳҳои нассоҷию дӯзандагӣ таъсис дода, ҷойҳои корӣ муҳайё кардаанд”, - зикр кард хонум Хуршедаи Қодир.

Вай афзуд, таҳлили чанд соли фаъолияти занони соҳибкор нишон медиҳад, ки бо истифода аз маблағҳои грантӣ онҳо тавонистанд дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони бешуғл саҳми муносиб гузоранд.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Баррасии масоили иқтисодии Тоҷикистон миёни вазири саноат ва БОР
“Тавассути амалигардонии лоиҳаҳо дар 5 соли охир зиёда аз 4 ҳазор зани хонашин бо ҷойҳои нави кор таъмин гардиданд. Натиҷаҳои амалигардонии лоиҳаҳои грантӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бонувони тоҷик дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди саноатӣ ва дар соҳаи кишоварзии мамлакат", фаъол гаштаанд, қайд кард муовири раиси Кумитаи сармоягузорӣ.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар пойтахти Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи кор бо занон ва оила дар мавзуи “Нақши бонувони соҳибкор дар рушди соҳаи саноат” мизи мудаввар баргузор гардид.
Лентаи хабарҳо
0