Аз вакилӣ ба МТС: курсии Усмонзодаро дар парлумони Тоҷикистон кӣ мегирад?

Выборы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Курсии вакили собиқ аз ҳавзаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ахиран ба роҳбарии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин шуд, ҳанӯз холист
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Интихоботи миёнадаврии вакил дар ҳавзаи якмандатии Рӯдакӣ таҳти рақами 9 моҳи августи соли равон баргузор мешавад.
Қарор дар ин бораро Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Тоҷикистон қабул кардааст. Ба иттилои манбаъ, раъйдиҳандагони ҳавзаи мазкур метавонанд 14 август вакили нави худро интихоб намоянд.
Вакили қаблӣ аз ин ҳавза Усмонзода Хайриддин Усмон буд, ки ахиран аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур таъйин гардид.
Усмонзодаи 52-сола, ҷомеашинос ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Латвия мебошад, дар мақоми раиси МТС Хуршед Зиёиро иваз кард.
Ректор Института госуправления РТ Лютфия Абдухоликзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Аз Данғара вакили нав вориди парлумон мешавад
Дар пайи гузаштан ба кори нав курсии Усмонзода дар парлумон холӣ монд. Ӯ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мақоми муовини раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 вакил иборат мебошад, ки дар 5 сол як бор аз тариқи интихоботи умумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон доимамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Интихоботи охири парлумонӣ дар Тоҷикистон 1 марти соли 2020 баргузор гардида, аксари курсиҳои Маҷлиси намояндагони ҷумҳуриро намояндагони Ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шуданд, ки роҳбарии онро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0