Лавров ба хабарнигори украинӣ посухи тунд дод - видео

Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия ба суоли иғвогароёнаи хабарнигори украинӣ посухи тунд дод. Хабарнигор Русияро дар ғорати ғаллаи Украина муттаҳам кард
Сергей Лавров, Вазири умури хориҷии Русия, ки феълан дар Туркия қарор дорад, пас аз мулоқот бо ҳамтои туркии худ Мавлуд Ҷавушуғлӯ нишасти матбуотӣ доир кард.
Дар фарҷоми нишаст як рӯзноманигори украинӣ Русияро ба дуздии ғалла ва дигар коло аз Украина муттаҳам кард.
Посухи Лавров ба ин хабарнигор тунд буд. Ӯ гуфт: "Агар саратон дард мекунад ва пайваста дар фикри дуздии чизе ҳастед, хаёл накунед, ки ҳама ин корро мекунанд. Мо ба татбиқи ҳадафҳое машғулем, ки ба таври оммавӣ эълон карда шуда буданд, ки ин раҳо кардани шарқи Украина аз режими миллатгароён аст".
Дар мавриди ғалла Лавров чунин тавзеҳ дод, ки Украина метавонад ғалларо ба ҷойи таъйиншуда озодона интиқол диҳад ва Русия ба ин кор ҳеҷ дахолат намекунад.
"Барои ин зарур аст, ки ҷаноби Зеленский фармон диҳад, агар ӯ дар он ҷо ҳамоно амреро дода метавонад, ба киштиҳои хориҷӣ ва украинӣ иҷозат диҳад, ки ба баҳри Сиёҳ ворид шаванд", - илова намуд Лавров.
Ёдовар мешавем, ки пештар дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба дастрасии комил ва бидуни мамониат ба бозорҳои ҷаҳонии нуриҳои Беларус ва Русия даъват карда буд.
Дар посух вай аз мақомоти Русия хостааст, ки ба хуруҷи ғалла аз бандарҳои баҳри Сиёҳи Украина халал нарасонанд.
Лавров: Амалиёти вижа дар Украина тибқи нақша идома дорад
Дар навбати худ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, Русия барои содироти ғаллаи Украина ҳеҷ монеа эҷод намекунад. Раҳбари Русия таъкид кард, агар Украина бандарҳоро аз минаҳо пок кунад, ғалла метавонад бидуни мушкилот берун шавад.
Илова бар ин ӯ роҳҳои алтернативиро номбар кард, ки тавассути онҳо ғаллаи Украина ба истеъмолкунандагон интиқол дода мешавад, ки арзонтарини онҳо тавассути Беларус аст. Аммо барои ин раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки таҳримҳо алайҳи ин кишвар лағв карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0