Рустами Эмомалӣ ду кӯдакистон ва як фурӯшгоҳро ифтитоҳ кард

© Хадамоти матбуоти раиси шаҳри ДушанбеРаиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ
Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар яке аз кӯдакистонҳое, ки раиси пойтахт онро ифтитоҳ кард, мутахассисоне машғули коранд, ки сертификати байналмилалии "Cambridge"-ро доранд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе боз ду кӯдакистони нав ва як фурӯшгоҳи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин ду биноро раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба истифода дод. Бар хабари котиботи раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ муассисаи таълимии томактабии хусусии "Cherry Kid’S Academy" - ро ифтитоҳ кард.
Муассисаи мазкурро соҳибкори тоҷик, Давлатов Хурсанд фармоиш дода, корҳои лоиҳакаширо "Селтехпроект" анҷом додааст.
Кӯдакистони мазкур имкони фарогирии то 150 нафарро дошта таълим пурра бо забони англисӣ сурат мегирад. Муттахассисоне, ки дар кӯдакистон кор мекунанд, дорои сертификати байналмилалии "Cambridge" мебошанд. ба кӯдакон аз рӯи барномаи таълимии ҷаҳонӣ STEAM, IYCS ва CAMBRIDGE дарс гуфта мешавад.
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Раҳмон дар зодгоҳаш: президент дар Данғара боғ ифтитоҳ карду парандаҳоро сар дод
Котиботи раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин аз ифтитоҳ шудани як кӯдакистони дигар дар ноҳияи Сино хабар додааст. Ин муассисаи томактабии хусусии "Душанбе Монтессорӣ" буда, то 150 нафар кӯдаконро дарбар мегирад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи нав омӯзиш бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ҳамчунин тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯи барномаи Мария Монтессорӣ ба кӯдакон таълим дода мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, гӯшаи мавсимии фурӯши маҳсулоти дастраси "Баҳор"-ро мавриди истифода қарор дод.
Лентаи хабарҳо
0