Содироти 420 тонна зардолу аз Конибодом ба кишварҳои хориҷ

© Хадамоти матбуотии раиси вилояти СуғдДарахти зардолу
Дарахти зардолу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Шаҳри Конибодом аз минтақаҳои пешсафи зардолупарвар мебошад, ки ҳамасола ҳаҷми зиёди ин навъи меваро ба кишварҳои хориҷӣ содир мекунад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Аз шаҳри Конибодом ба кишварҳои хориҷӣ 420 тонна зардолу содир шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки аз маросими ҷамъоварии ин мева раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафараш ба ин шаҳр боздид кардааст.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, дар шаҳри Конибодом беш аз 11 ҳазор ҳектар боғи зардолу мавҷуд аст. Аз он 8 ҳазор ҳектараш ҳосил медиҳад.
© Хадамоти матбуотии раиси вилояти СуғдҶамъоварии ҳосили зардолу дар Конибодом
Ҷамъоварии ҳосили зардолу дар Конибодом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Ҷамъоварии ҳосили зардолу дар Конибодом
Боғпарварони Конибодом дар парваришу истеҳсоли меваи зардолу таҷрибаи хуб дошта, иқлими мусоиди минтақа имкон медиҳад, ки ҳосили хуб рӯёнида шавад.
Ҳамасола аз ин боғот мева ҷамъоварӣ шуда, қисме аз он содирот ва қисми дигар хушконида мешавад.
Таъсири боронҳои пуршиддати баҳорӣ ба ҳосили зардолузорҳо дар Ашт
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар шаҳри Конибодом бо нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов шинос шуда, барои риояи қоидаҳои агротехникӣ ва озуқадиҳии зироат ба масъулин тавсия додааст.
© Хадамоти матбуотии раиси вилояти СуғдХушконидани зардолу дар шаҳри Конибодом
Хушконидани зардолу дар шаҳри Конибодом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Хушконидани зардолу дар шаҳри Конибодом
Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии Конибодом, дар хоҷагиҳои деҳқонии ин минтақа 5402 гектар пахта кишт гардида, нашъунамои зироат хуб ва мутобиқ ба меъёри муқаррарӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0