Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба таҷрибаи Русия дар масъалаи назорат ва ҳифзи пиряхҳо

© Комитет охраны окружающей среды при Правительстве РТВстреча глава Комитета по охране окружающей среды Таджикистана и министра РФ
Встреча глава Комитета по охране окружающей среды Таджикистана и министра РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва табиати Тоҷикистону Русия масъалаи табодули кормандони соҳа ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарро ба миён гузоштанд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Баҳодур Шерализод, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Александр Козлов, вазири захираҳои табиӣ ва экологияи Русия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, мулоқоти Шерализод ва Козлов дар ҳошияи конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе баргузор гардид.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо масъалаҳои мониторинги пиряхҳо ва истифодаи таҷрибаи Русияро дар ин бахш ва табодули таҷрибаи кормандонро ба миён гузоштаанд.
"Масъалаи минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда, истиқлолияти иттилоотӣ оид ба масъалаҳои гидрометеорологӣ, бахусус пешгӯӣ ва мониторинги ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои дигари мулоқот буданд", - афзуд манбаъ.
Строительство Рогунской ГЭС в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Раҳмон: Тоҷикистон мехоҳад аз обаш ҳама фоида бинанд
Ин дар ҳолест, ки роҳбарияти Тоҷикистон обшавии босуръати пиряхҳоро дар кишвар намунаи таъсири тағйирёбии иқлим арзёбӣ карда, хостори таъсиси Бунёди байналмилаллӣ барои ҳифзи онҳо шуд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, тайи якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст.
Аз ҷумла пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намуда, дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дод.
Лентаи хабарҳо
0