Занги Путин ба Раисӣ дар пайи садамаи маргбори қатор дар Эрон

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин во время телефонного разговора
Президент РФ Владимир Путин во время телефонного разговора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия бо ҳамтои эронияш суҳбати телефонӣ анҷом дода, аз садамаи маргбори қатор дар шарқи ҷумҳурии исломӣ изҳори таассуф кардааст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар робита ба садамаи маргбори қатор дар Эрон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Ба гузориши Кремл, Путин таслиятро зимни суҳбати телефонӣ бо Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон баён дошт.
"Президенти Русия, Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ бо Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар робита ба садамаи маргбор дар роҳи оҳан ҳамдардияшро изҳор дошт", - омадааст дар иттилоия.
Бар асоси гузоришҳои расида, бар асари садамаи қатор дар Эрон 21 нафар ба ҳалокат расида, 80 нафар маҷруҳ шудаанд. Теъдоди саворони қатор ҳудуди 430 нафар будааст, хабар дод Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Эрон.
Фоҷиа дар наздикии шаҳри Табас, 550 дар километрии ҷанубу шарқи Теҳрон рух додааст. Қатор дар роҳ аз Машҳад ба Язд қарор доштааст.
На месте крушения поезда по дороге из Мешхеда в Йезд в Иране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Қатори қотил: аксҳои даҳшатбор аз садамаи пурқурбонӣ дар Эрон
Тибқи иттилои пешакӣ, садамаи маргбор дар паи бархӯрди қатора бо экскаватор рух додааст. Қатор дар ҳоле дучори садама шудаааст, ки дар роҳ аз Машҳад ба Язд қарор доштааст. Бархе аз вагонҳояш аз хат берун ва чаппа шудаанд.
Мақомоти Эрон мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шуда, дар макони фоҷиа масъулини хадамоти изтирорӣ фаъолият доранд.
Рустам Қосимӣ, вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон эълом доштааст, ки сарфи назар аз сабабҳо, ниҳоди тобеяш тамоми масъулияти ин фалокатро ба дӯш мегирад.
Лентаи хабарҳо
0