Баррасии тавсеаи роҳҳои тиҷорат аз сӯйи бонувони соҳибкори Тоҷикистону Ӯзбекистон

© Пресс-служба Президента УзбекистанаУзбекские девушки в национальных костюмах с флагами Узбекистана и Таджикистана
Узбекские девушки в национальных костюмах с флагами Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Занони соҳибкор аз Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, роҳҳоеро ҷустуҷӯ намоянд, ки мубодилаи тиҷоратро афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар умури рушди соҳибкорӣ ва бизнес-муҳит бо татбиқи лоиҳаи "Бизнес-акселератор барои занон, духтарон ва ҷавонон нишаст баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.
Манбаъ хабар додааст, дар ин ҳамоиш дар баробари бонувони ҳунарманд ва тоҷир, ҳамчунин занҳои соҳибкор аз Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Таъкид шудааст, ки миёни Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Ассостсиатсияи "Тадбиркор аёл"-и Ӯзбекистон мубодилаи таҷриба ва афкор дар бораи рушди тиҷорат сурат гирифт.
“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки тиҷорӣ азм хоҳанд намуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Душанбе - Тошкандро барои мусофирбарӣ боз мекунанд
Ёдовар мешавем, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ-апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид.
Дар ин бора ахиран Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо нашри як матлаб хабар дода буд.
Тибқи иттилои вай ҳиссаи Ӯзбекистон дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи сафир, савдо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 4 моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0