Идомаи фақру гуруснагӣ дар Афғонистон: ёриҳои башардӯстона кумак накард

© AFP 2022 / Bulent Kilic Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, Афғонистон дар вазъияти бади иқтисодӣ қарор дорад ва кумакҳои Созмони Миллал натавонист пеши роҳи фарқрро дар ин кишвар бигирад
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард Афғонистон дар вазъияти бади иқтисоди қарор дорад ва кумакҳои СММ натавонист пеши роҳи фарқу гуруснагиро дар ин кишвар бигирад.
Ин нищоди молии байналмилаль дар гизориши тозаи худ мавсум ба дурнамоӣ иқтисодии ҷаҳон бо ишора ба коҳиши даромади саронаи шаҳрвандони Афғонистон афзуд, ки вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар ин кишвар бо вуҷуди кумакҳо ва пуштибонии ҷаҳонӣ бад аст.
Гузоришгарони БҶ гуфтаанд, ки иқтисод дар ин кишвар фурупошид, иштиғолзоӣ ва воридоти ғизо ва энергетика коҳиш ёфта, эҳтимоли ҳазинаҳои ҳукумати аз августи соли 2021 се то чор баробар коҳиш ёфта аст.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
SIGAR: Ашраф Ғанӣ бо камтар аз як миллион доллар аз Афғонистон гурехт
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳаводиси сиёсии ҷаҳонӣ ба вазъи сокинони ин кишвар ва расонидани кумакҳои башарӣ таъсир расонидааст.
Афғонистон дар гузориши нави БҶ дар аввали феҳрести кишварҳои воридоти қарор дорад.
Ахиран Алви Филион, раиси Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурхи ҷаҳонӣ дар Афғонистон ахиран дар саҳифаи твиттериаш навишта буд, амиқтар шудани буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон миллионҳо нафарро ба фақр рӯ ба рӯ месозад.
Филион бо нашри тасвире аз фурӯши аҷноси манзил дар Кобул гуфтааст, ки "мардум то ҳол талош доранд, бо фурӯши ашёи рӯзгор барои хонаводаҳои худ як луқма нон пайдо кунанд."
Ёдрас менамоем, ки пештар муовини бахши Осиё дар Барномаи ҷаҳонии ғизо гуфта буд, ки 18 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд.
Бо пирӯзии толибон дар Афғонистон созмонҳои кӯмаки башардӯстона ҳушдор додаанд, ки 24 миллион нафар дар Афғонистон зери хатти фақр қарор доранд.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Патрушев: ИМА бояд дар эҳёи Афғонистон кумак кунад
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Сандуқи Наҷоти Кӯдакон гуфта буд, ки бештари атфол дар Афғонистон барои хӯрдан чизе надоранд ва гурусна хоб мекунанд.
Ин созмон дар гузориши худ таъкид карда буд, ки қимати ғизо дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Кумитаи Байналмилалии Наҷот ҳамчунин пештар хабар дода буд, ки баъд аз тағйири режим дар Афғонистон наздик ба 97 дарсади аҳолии Афғонистон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ниёз ба кумакҳои башардӯстона дар саросари ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0