"Bloomberg" "нокомии ҷиддӣ"-и ИМА дар қиболи Русияро ошкор кард

© Sputnik / Максим БлиновФлаг США
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Саркашии баъзе аз кишварҳо аз интиқоди Русия бинобар малиёти вижааш дар Украинаро нокомии Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш хондаанд
ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Саркашии шуморе аз кишварҳои ҷаҳон аз интиқод аз амалкарди Русия дар Украина натиҷаи "нокомӣ" ва "иштибоҳи ҷиддӣ"-и Амрико ва муттаҳидонаш буд, гуфта мешавад дар матлаби таҳлилии Bloomberg.
Тавре муаллифони мавод хотирнишон мекунанд, як қатор давлатҳои Африқо, Амрикои Лотинӣ ва Осиё аз интиқод аз амалиёти вижаи Русия дар Украина худдорӣ карданд, ки ба назари онҳо, “иштибоҳи ҷиддии” Ғарб буд.
Онҳо мегӯянд, ки "таҳаммулпазирии танҳо рӯҳафтодакунандаи" Ҷануби Ҷаҳонӣ нисбат ба амалҳои Русия "нокомии ИМА ва дӯстони он" аст, ки бояд "ислоҳ" карда шавад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми овоздиҳӣ дар нишасти СММ оид ба амалиёти вижаи Русия, 35 кишвар, аз ҷумла Чин, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ ва як қатор кишварҳои дигар аз "маҳкумкунии он" худдорӣ карданд, гуфта мешавад дар матлаб.
Города мира. Шанхай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Даъвати Пекин аз кишварҳои G7: Аз таҳримҳои ғайриқонунӣ даст кашед
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, омезиши таъминоти аслиҳаи Русия, сармоягузории Чин ва "беэътиноии ИМА" бисёре аз кишварҳоро мутақоид кардааст, ки иттифоқ бо Амрико "бефоида" аст.
"Пекин ба бисёре аз кишварҳои осебдида ваксинаҳои зидди коронавирусро таъмин кардааст. Русия як таъминкунандаи калидии аслиҳа, инчунин ғалла ва нуриҳо ба Ҳиндустон ва қисми зиёди Африқо буд ва боқӣ мемонад. Дар айни замон, на Маскав ва на Пекин дар бораи озодии интихобот ва хуқуқи инсон намепурсанд.", — гуфта мешавад дар мақола.
Кишварҳои ғарбӣ пас аз шурӯи амалиёти вижаи артиши Русия барои ғайринизомигардонӣ ва нозизудоии Украина алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Раисиҷумҳур Владимир Путин гуфт, сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия як стратегияи дарозмуддат барои Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд.
Ӯ таъкид кард, ки рӯйдодҳои имрӯза хати бартарии ҷаҳонии Ғарбро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод нишон медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, Русия худро дар инзиво карданӣ нест ва ҳамзамон дар ҷаҳони муосир онро ба таври қатъӣ инзиво кардан имкон надорад.
Лентаи хабарҳо
0