Аз гармои тоқатфарсо то борону раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад, аммо гармоӣ шадид боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба сокинони кишвар ҳушдор додааст, ки ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо рӯзона аз 37 то 40 дараҷа мерасад.
Ба иттилои манбаъ дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо борон меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида ва раъду барқ ба амал меояд.
Жара в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Июни тафсон: ҳавошиносон гуфтанд, ки тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна оғоз мешавад
Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро ҳавои камабри бебориш интизор буда, ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0