Бонуи челонгар дар шаҳри Хуҷанд нуқтаи таъмири мошин фаъол кард: акс

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкАвтозавод "Мазда Соллерс Мануфэкчуринг Рус " во Владивостоке
Автозавод Мазда Соллерс Мануфэкчуринг Рус  во Владивостоке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Мавзуна Сангинова бо гранти президентӣ, ки барои занони ҳунарманд ҷудо шудааст, дар шаҳри Хуҷанд як нуқтаи таъмири мошин ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бонуи ҳунарманди вилояти Суғд Мавзуна Сангинова ҳунари челонгариро аз худ намуда, нуқтаи таъмири муҳаррики автомобилро ифтитоҳ намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Ин коргоҳро зани тоҷик дар ҳудуди Литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд, ки худ хатмкардаи курси челонгарии ин даргоҳ аст, фаъол кардааст. Дар ин коргоҳ муҳаррики автомобилҳо таъмир карда мешаванд.
Мавзуна Сангинова яке аз занони фаъоли вилояти Суғд мебошад, ки бо гранти президетӣ ба миқдори 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шудааст.
Ӯ истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон, оиладор, модари се нафар фарзанд буда, ният дорад, дар оянда ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардад ва тахассуси хешро такмил дода, фаъолияташро васеъ намояд.
© Хадамоти матбуотии раиси вилояти СуғдМавзуна Сангинова - челонгар
Мавзуна Сангинова - челонгар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Мавзуна Сангинова - челонгар
Мавзуна бо ба кор андохтани коргоҳи таъмири мошинҳо амалан исбот намуд, ки бонуи тоҷик хеле ҳунарманд аст.
Зимни муаррифии лоиҳа Мавзуна Сангинова иброз намуд, ки миёни 29 нафар ҷавононмардон таҳсил намуда, имрӯз ягона занест, ки бо ин касб машғул мебошад ва айни ҳол шогирдонро тарбия намуда истодааст, ки дар байни онҳо 2 нафар духтарон низ ҳастанд.
Суғд беш аз 22 ҳазор раисхонум дорад
Дар маросими кушодашавии коргоҳи таъмири муҳаррики автомобил намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, Бӯстон, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова ширкат намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар вилояти Суғд, 20 нафар занони ҳунармандсоҳиби гранти президентӣ гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0